Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шеваи тақсими даромад аз саҳмияҳои "Роғун" муайян мешавад. Мардум чӣ мегӯянд?


Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки маҷлиси саҳмдорони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи нерӯгоҳи Роғун баргузор шуда, дар он "тартиби тақсими даромадҳо аз ҳисоби фурӯши нерӯи барқ" қабул шавад. Ҳанӯз маълум нест, ки ин ҷаласа кай баргузор мешавад.

Давлати Тоҷикистон соли 2010 дар як маъракаи нимамаҷбурӣ фурӯши густардаи саҳмияҳои “Роғун”-ро оғоз карда буд. Дар ин маърака 890 миллион сомонӣ аз фурӯши саҳмияҳо ва ҳамчунин пулҳои хайрия барои сохтмони нерӯгоҳ ҷамъоварӣ шуд.

Бо гузашти 16 сол аз фурӯши саҳмияҳо, дигар маълум нашуд, ки мардум кай аз ин коғазҳои қиматнок фоида мегиранд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон дар хиёбонҳои Душанбе пурсиданд, ки оё дар бораи даромад аз саҳмияҳои “Роғун” фикр кардаанд?

Баъзе аз посухҳо дар инҷо:

  • Дар бораи даромад чизе намедонам. Саҳмия чихел даромад бояд дошта бошад?
  • Бо 5 ҳазор сомонӣ саҳмия харидем, ба умед ҳастем, ки даромад мегирем.
  • Мо танҳо ёрдам кардем, ки неругоҳ тезтар сохта шавад, дар бораи даромад ягон бор фикр накардаам. Фоидаш ҳамин, ки неругоҳ тезтар сохта шавад.
  • Саҳмия харидем, лекин намедонем дар куҷо аст. Ҷустуҷӯ кунем, шояд меёбем. Дар бораи даромад ягон вақт фикр накардаам.
  • Гуфтанд, ки саҳмия харед, харидем.

Видеоро дар инҷо бинед:

Мардум дар бораи даромад аз саҳмияҳои "Роғун" чӣ медонанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG