Рӯзи якшанбе пас аз партоб шудани мушаке дар фурудгоҳи байналмилалии Бен-Гуриони шаҳри Телавив, мусофирони зиёде ба таҳлука афтоданд.
Ду блогер ва мунаққиди ҳукумати Туркманистонро дар Туркия боздошт кардаанд. Алишер Сахатов ва Абдулло Орусовро барои нигаҳдорӣ ба маркази муҳоҷирони хориҷшуда интиқол додаанд.
Додгоҳи Бишкек фаъоли мухолиф Тилекмет Куреновро то 19-уми май ба ҳабс гирифт. Мурофиа пушти дарҳои баста гузашт.
Кумитаи дифоъ аз журналистон, мақарраш дар Амрико, вазъи озодии матбуотро дар ин кишвар дар сад рӯзи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп интиқод кардааст.
Ҳукумати Украина ва Амрико созишномаеро имзо карданд, ки ба Иёлоти Муттаҳида имкон медиҳад, қарордодҳои боимтиёз барои истихроҷи маъдан дар Украинаро ба даст биёрад ва айни замон бозсозии онро таъмини молӣ кунад.
Дилдор Хон тамоми умрашро дар Покистон гузарондааст. Мақомоти ин кишвар чанде пеш ӯро ба “хона”, ба Афғонистон, фиристоданд. Дар ҳафтаҳои охир ба монанди Дилдор Хон 100 ҳазор паноҳҷӯйи афғон аз Покистон берун карда шуданд.
Марко Рубио, котиби давлатии Амрико, рӯзи 29-уми апрел ҳушдор дод, ки агар Русия ва Украина барои хатми ҷанг дар Украина "пешниҳодҳои мушаххас" ироа накунанд, Иёлоти Муттаҳида аз миёнаравӣ даст мекашад.
Як додгоҳи федералӣ ба Оҷонси расонаҳои байнулмилалии Амрико (USAGM) дастур дод, ки буҷаи моҳи апрели Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро дар ихтиёри ин расона бигузорад. Дастур дар ҳоле содир шуд, ки кашмакаши ҳуқуқӣ бар сари фаъолияти шуморе аз расонаҳои зери ҳимояти молии Амрико идома дорад.
Ёфтҳои бештар