Медведев ба қонунмандии давлати нави Украина шубҳа дорад
Нахуствазири Русия мегӯяд, ки ба қонунӣ будани ҳукумату ниҳодҳои давлатии Украина "шубҳаи ҷиддӣ" дорад.
Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия ин суханонро дар ҳоле иброз дошт, ки Кумиссиёни Аврупо, Олександр Турчиновро ба ҳайси раиси ҷумҳури муваққати Украина эътироф кард. Дмитрий Медведев гуфт, ҳеҷ касе дар Украина нест, ки бо онҳо гуфтугӯ кунанд ва бо афроди мусаллаҳу ниқобпӯш муколама сахт аст. Нахуствазири Русия эътироф шудани раҳбарони муваққат дар Украина аз тарафи баъзе аз кишварҳоро, «гумроҳӣ» хонд.
Дмитрий Медведев афзуд, Русия тамоми қарордодҳояш бо Украинаро иҷро хоҳад кард, вале гуфт, ӯ созишнома дар бораи фурӯши газ бо қимати поинтар ба Украина абадӣ нест ва метавонанд, бознигарӣ шаванд. Созишномаи мазкур дар аҳди Виктор Янукович баста шуда буд. Дигар ин ки вазири муваққати умури дохилии Украина амр додааст, ки раиси ҷумҳури пешинро бо иттиҳоми қатли тазоҳургарон боздошт кунанд.
Амри боздошти Янукович содир шудааст
Мақомоти Украина амри боздошти раисиҷумҳури ҳамакнун собиқи ин кишвар Виктор Януковичро содир карда, ӯро таҳти пайгард қарор додаанд. Кафили вазири умури джохилаи Украина Арсен Аваков рӯзи 24 феврал гуфт, раисиҷумҳури собиқ Виктор Янукович ва атрофиёни ӯро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд. Аваков аз ҷумла гуфт: "Дар робита ба куштори ҷамъии мардуми осоишта парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Янукович ва як силсила мансабдорони дигар таҳти ҷустуҷӯ гузошта шуданд."
Дар хушунатҳои ҳафтаи гузашта дар пойтахти Украина беш аз 80 нафар кушта шуданд. Аксари онҳо эътирозгароне буданд, ки бо талаби истеъфои Виктор Янукович ба майдон рехта буданд.
Русия сафирашро барои машварат аз Киев ба Маскав фаро хонд
Русия сафири худ дар Киев-пойтахти Украинро барои машварат ба Маскав даъват кардааст. Дар ҳамин ҳол ҳазорон нафар аз мардум дар Симферопол-шаҳри бандарии Украина дар эътироз ба тағйир ва таҳаввулоти ахир дар Киев, даст ба тазоҳурот заданд. Севастопол дар минтақаи худмухтори Қрими Украина қарор дорад ва бештари сокинони он аз Русия тарафдорӣ мекунанд.
Дар ду рӯзи ахир раҳбарони кишварҳои ғарбӣ ва Иттиҳодияи Аврупо, аз ҷумла Амрико, Фаронса, Олмон ва Лаҳистон бар ҳифзи ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Украина таъкид карда ва ба таври зимнӣ аз Русия хостаанд ба тамомияти арзии он кишвар эҳтиром бигузорад.
Дар ҳамин ҳол дафтари Кэтрин Аштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо эълом кард, ки рӯзи душанбе барои гуфтугӯ бо раҳбарони нав ва мухолифони он кишвар ба Киев меравад. Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико барои додани кӯмакҳои молӣ ва қарз ба Украина омодагии худро эълон кардаанд.
Пешгирӣ аз талоши "фирор"-и Янукович аз Украина
Марзбонони Украина дар фурудгоҳи Донетск ба ҳавопаймои Виктор Янккович имкон надодаанд, ки бидуни иҷозат ба хориҷ парвоз кунад.Верховни Рада - порламони Украина тасмим гирифт, ки ба таври муваққат салоҳиятҳои раиси ҷумҳури ин кишвар ба раиси порламон Олександр Турчинов вогузор шавад.
Порламони Украина Леонид Кожара, яке аз ёрони наздики Виктор Януковичро аз симати вазири хориҷа барканор кард. Порламон ҳамзамон чанде дигар аз вазирони давраи Януковичро берун кард,
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раиси Верховни Рада раҳбари муваққати Украина шуд
Бо вуҷуди ин ки порламони Украина ба барканории Виктор Янукович аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ раъй дод, хонум ЮлияТимошенко - нахуствазири пешин аз эътирозгарони зиддидавлатӣ хост, ки эътирозҳои худро қатъ накунанд. Тимошенко аз Янукович ва ҳампаймонҳои вай тақозо кард, ки барои куштори даҳҳо нафар эътирозгарон тавассути нируҳои амниятӣ дар давоми як ҳафтаи гузашта ҷавоб диҳанд.
Ҳизби минтақаҳои Янукович рӯзи якшанбе бо пахши изҳороте гуфт, ки “ҳамаи масъулияти хунрезиҳо дар Украина“ бар дӯши Виктор Янукович ва ҳамдастони наздикаш аст.
Виктор Пшонка
Верховни Рада рӯзи 23 феврал бо раъйи худ иҷоза додааст, ки Олександр Клименко - вазири пешини молиёт ва даромадҳои молӣ ва Виктор Пшонка – собиқ додситонии кулли Украинаро ба ҳабс бигиранд. Раиси порламон Олександр Турчинов гуфт, Пшонка ва Клименко як рӯз қабл талош кардаанд, аз марзи вилояти Донетск ба Русия гузаранд, вале муваффақ нашудаанд. "Онҳоро мехостанд дастгир кунанд, вале дар пайи тирандозии муҳофизонашон тавонистанд фирор кунанд," - афзудааст Турчинов.