Ду блогер ва мунаққиди ҳукумати Туркманистонро дар Туркия боздошт кардаанд. Алишер Сахатов ва Абдулло Орусовро барои нигаҳдорӣ ба маркази муҳоҷирони хориҷшуда интиқол додаанд.
Наздикони фаъолон аз эҳтимоли истирдод шудани онҳо ба ватан нигаронанд. Мегӯянд, онҷо онҳоро ҳабси тӯлониву шиканҷа ва ҳатто марг интизор ҳаст. Ба нақли ҳамсари Алишер Сахатова, пулис шавҳари ӯро субҳ бо худ бурд ва сабаби боздоштро ҳам нарҳ надодаанд. Ба гуфтаи вай рӯзҳои наздик санади иқомати онҳо дар Туркия ба охир мерасад.
Алишер Сахатов, фаъол ва блогер дар саҳифаи худ дар шабакаи “Ютюб”, ҳукумати Туркманистонро танқид ва аз беамалии дипломатҳои ин кишвар барои ҳимоя аз ҳуқуқи шаҳрвандон дар Туркия шикоят мекард.
Сахатов соли гузашта дар суҳбат ба телевизиони “Настояшее время” гуфта буд, ки мумкин аст ӯро боздошт карда, ба мақомоти Туркманистон супоранд.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сарнавишти норӯшани мунаққидони ҳукумат дар Туркия
Гулола Ҳасанов, ҳамсари Алишер Сахатов гуфт, "агар ба Туркманистон фиристанд, ӯро онҷо мекӯшанд. Ман чор фарзанд дорам ва намедонам чӣ кор кунам. Кӯдакон дар ҳолати даҳшатнок қарор доранд. Онҳо ҳама чиро мефаҳманд ва диданд, ки чӣ тавр ӯро боздошт карданд. Вақте ӯро бурданд, онҳо гиря мекарданд. Имрӯз намехостанд ба мактаб раванд, аммо ман маҷбур кардам. Пинҳонӣ аз ман гиря мекунанд. Фарзанди хурдӣ 3 сол дорад, наметавонам онҳоро танҳо гузошта, ба берун равам.”
Мақомоти қудратии Туркия ҳамчунин блогер ва фаъоли дигари туркман,Абдулло Орусовро ҳам боздошт карданд. Аҳмад Раҳмонов, дӯст ва ҳамватани ӯ гуфт, Туркия дар солҳои ахир чандин паноҳҷӯйи туркман, аз ҷумла блогери маъруф Фарҳод Меҳмонқулиевро боздошт карда, ба ҳукумати Туркманистон додааст.
Ба гуфтаи Раҳмонов, Меҳмонқулиевро дар ватан ба хок супурдаанд. Тасдиқи дурустии ин иттилоъ номумкин аст. Аҳмад Раҳмонов, мегӯяд, туркманистониҳо дар Туркия кӯшиш мекунанд ба ҳамдигар кӯмак расонанд, то ба ватан бурда нашаванд.
Аҳмед Раҳмонов, фаъоли туркменистонӣ мегӯяд, “фаъолоне, ки дар Туркия қарор доранд, онҳо чандон пулдор нестанд. На ҳамеша барои зиндагӣ пул меёбанд, бинобар ин ба мо фаъолон аз Аврупо ва Амрико кӯмак мерасонанд. Мо пул ҷамъ мекунем ва адвокат мегирем. Ҳоло вакили дифоъ гирифтаем ва бо қазияи ин ду нафар кор карда истодаанд.”
Солҳои ахир фишор алайҳи мунаққидони низоми Бердимуҳаммедовҳо дар Туркия афзоиш ёфтааст. Фаъолони туркман аз он нигаронанд, ки Анқара пинҳонӣ ҳатто фаъолонеро, ки мақоми паноҳандагӣ доранд, боздошт карда, ба мақомоти қудратии Туркманистон месупорад.
Паноҳҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ борҳо гирдиҳамоиву тазоҳурот карда, талош намудаанд, таваҷҷӯҳи ҳомиёни ҳуқуқро ба мушкили худ ҷалб кунанд. Эътирозгарон маъракаи боздошти фаъолонро ба нақшаи Анқара оид ба сохтмони лӯлаи обу газ аз Туркманистон рабт медиҳанд.
Ин бори аввал нест, ки Туркия мунтақидони ҳукуматҳои Осиёи Марказиро боздошт ва дар шароити номаълум ба ватанашон месупорад.
Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов дар моҳҳои феврал ва марти соли 2024 дар шаҳри Истанбули Туркия ба таври мармуз нопадид шуданд. Мақомоти Тоҷикистон баъди қариб ним сол дар Тоҷикистон будани онҳоро тасдиқ кард. Дар ҳоле ки мақомот чӣ гуна дастгир ва аз Туркия ба Тоҷикистон овардани онҳоро нагуфтанд, "Гурӯҳи 24" қазияро "дуздӣ" номид.
Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябри 2024 Сӯҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24”-ро ба 30 сол зиндон маҳкум кард. Насимҷон Шарифов, узви ҳамин созмон, 20 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Мақомот ҳардуро ба ифротгароӣ ва даъват ба сарнагунии ҳукумат гунаҳкор донистанд, аммо онҳо ҳукмро напазируфтанд.