Баъди ҳамла ба фурудгоҳи Исроил, ширкатҳои аврупоӣ парвозҳоро боздоштанд

Рӯзи якшанбе пас аз партоб шудани  мушаке дар фурудгоҳи байналмилалии Бен-Гуриони шаҳри Телавив,  мусофирони зиёде ба таҳлука афтоданд.

Мақомот бонги хатарро рӯшан карданд ва ба мусофирон амр дода шуд, ки дар ҷойҳои амни фурудгоҳи Бен-Гурион пинҳон шаванд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи ҳусиҳои Яман бар дӯш гирифт, ки аз Эрон ҳимоят мебинанд.

Ба гуфтаи мақомот, таркиш дар наздикии таваққуфгоҳи фурудгоҳ шикофиеро ба вуҷуд овард, аммо хисороти ҷиддӣ нарасонд. Матбуоти исроилӣ гуфт, ки дар натиҷаи ин таркиш чор нафар маҷрӯҳ шуда, ду тани дигар ҳангори ҳаракат ба сӯи паноҳгоҳ ҷароҳат бардоштаанд.

Дар як изҳорот пас аз ҳамла, сухангӯи артиши ҳусиҳо ширкатҳои ҳавопаймоиро ҳушдор дод, ки фурудгоҳи Исроил барои истифода "дигар бехатар нест". Раҳбари фурудгоҳи Бен-Гурион гуфт, ки фурудгоҳ пас аз таваққуфи камтар аз нимсоата ба кори худ идома додааст.

Дар ҳамин ҳол ширкатҳои ҳавопаймоии аврупоӣ ва амрикоӣ парвозҳоро барои чанд рӯзи оянда лағв карда, баъзе мусофиронро дар ҳолати ногувор қарор доданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳусиёни Яман ба фурудгоҳи асосии Телавив ҳамла кардаанд

Як мусофере, ки аз парвоз мондааст, мегӯяд: “Ман бояд имрӯз ба Париж бармегаштам, аммо Air France парвози худро лағв кард. Метарсам, ки баргаштан ба Фаронса хеле душвор хоҳад буд, зеро тибқи маълумоти фурудгоҳ, ҳама интиқолдиҳандагони аврупоӣ парвозҳои худро лағв кардаанд."

Дар вокуниш ба ин ҳамла вазири дифоъ Исроил Катз гуфт: "Ҳар кӣ ба мо осеб расонад, зарбаи ҳафт баробар бештар хоҳад дид."

Исроил баъд аз оташбаси думоҳа дар моҳи март ҷанги Ғаззаро аз сар гирифт. Ин боиси он шуд, ки ҳусиҳо ваъда доданд, ки ба сӯи Исроил мушакҳои бештар партоянд ва мегӯянд, ки ин як амали ҳамраъйии онҳо бо фаластиниҳои муҳосирашуда аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Исроил ҷангро дар Ғазза сахттар мекунад Ҳусиҳо ба як фурудгоҳи Исроил ҳамла кардаандНахуствазири Исроил сафар ба Озарбойҷонро бекор кард