Дар чанд ҷумла
"100 нафар кушта ва захмӣ шудаанд." Таркиши пурқурбонӣ дар Кундузи Афғонистон

Бино ба гузоришҳо, дар таркиши маргталабона дар масҷиди шиаҳо дар вилояти Кундуз, шимоли Афғонистон, ки масъулияташро ДОИШ ба уҳда гирифт, ба камияш 100 нафар куштаву захмӣ шудаанд. Ҳодиса 8-уми октябр рӯй дод.
Ин таркиши пурқурбонӣ аз замони ба қудрат расидани "Толибон" дар Афғонистон аст. Гуруҳи тундрав моҳи августи имсол назорат ба Афғонистонро ба даст гирифт.
UNAMA, ҳайати Созмони Милали Муттаҳид барои кумак ба Афғонистон, аз ҳамлаи 8-уми октябр дар ноҳияи Хонобод изҳори нигаронии амиқ кард ва бо такя ба маълумоти пешакӣ гуфт, "беш аз 100 нафар кушта ва захмӣ шудаанд".
Матиуллоҳ Рӯҳонӣ, узви маъмурияти таҳти раҳбарии "Толибон" дар вилояти Кундуз тасдиқ кард, ки таркиш ҳамлаи интиҳорӣ ё маргталабона буд.
Таркиш ҳангоми намози ҷумъа дар масҷиди Гузари Саидобод рӯй дод. Масъули онро шохаи "Хуросон"-и гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба уҳда гирифт.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
"Ду рӯз шуд беобу нон дар фарши сарди фурудгоҳи Шереметово хобем". Ба доди мусофирони тоҷик кӣ мерасад?

Боздошта шудани кори кори фурудгоҳҳои шаҳри Маскав вазъи мусофиронро аз Тоҷикистон, ки ҳанӯз 6 май ба Русия парвоз карданд, мушкил кардааст.
Ба иттилои корбарони Радиои Озодӣ, ба даҳҳо мусофир нагузоштанд вориди шаҳри Маскав шаванд ва ба онҳо амр доданд, ки ба ватан баргарданд. Вале ҳоло на камтар аз бист нафари онҳо дар ҳудуди фурудгоҳ дармонда наметавонанд ба ватан бозпас бираванд, чун парвозҳо аз шаби 7-ми май бо сабаби таҳдиди паҳподҳо боздошта шудаанд.
Корбарони Радиои Озодӣ бо фиристодани навор аз фурудгоҳи "Шереметево" мегӯянд, даҳҳо муҳоҷире, ки тавассути Душанбе ва Бохтар ба Русия парвоз карда буданд, ду шабоанрӯз мешавад, гуруснаву ташна ва дар як ҳоли ногувор қарор доранд.
Ба гуфтаи мусоҳибони мо, марзбонон ба онҳо иҷозати вурудро надода, тақозо карданд ки ба Тоҷикистон баргарданд. Ҳамзамон ба ин муҳоҷирон гуфтаанд, парвозҳо ба Тоҷикистон танҳо баъди 10 уми май ва ҳатто дертар аз он анҷом хоҳанд шуд.
Ҳоло ин ҳамсӯҳбатони мо бе хӯрок ва шароити сахте қарор доранд. Аз наворҳое, ки фиристода шудаанд, дида мешавад, ки муҳоҷирон болои фарши сард хобидаанд.
Миёни онҳо чанд зан низ ҳаст. Яке аз онҳо барои туйи арусии духтараш рафтааст, аммо ӯро иҷозаи вуруд надоданд ва аз қазо ин маъракаи хурсандӣ бе ҳузури модар гузаштааст.
Маълум нест оё сафорати Тоҷикистон дар бораи ҳоли онҳ
Дар Рашту Тоҷикобод зилзила рух дод

Субҳи 8 май дар минтақаҳои шимолу-шарқи шаҳри Душанбе зилзила рух дод. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо истинод ба Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гуфт, рӯзи 8-уми май соати 07:55 дақиқа дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза дар 168 километрии шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 26-километрии шарқи ноҳияи Рашт ва 23-километрии шарқи ноҳияи Тоҷикобод мушоҳида шудааст.
Бино ба маълумоти манбаъ, қувваи заминларза дар марказаш 4 балл, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 2-3 баллро ташкил додааст. Дар ин зилзила талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар сабт нашудааст.
Ин ҳодиса дар ҳолест, ки сокинони Рашт ҳанӯз бо оқибатҳои зилзилаи офатбори 13 апрел даст ба гиребон ҳастанд. Он он зилзила як кас ҷон бохта шонздаҳ нафар маҷруҳ шуданд.
Бино ба омори нав, дар ин ду ноҳия 65 хона пурра ва 193 хона қисман вайрон шуда, ба 150 манзили дигар осеби сабук расидааст.
Таъхири парвозҳо дар хатсайри Маскав-Душанбе

Дар пайи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба шаҳри Маскав ва қатъи кори се фурудгоҳи асосии пойтахти Русия, парвозҳо дар масири Маскав-Душанбе ба таъхир афтодааст.
Ба маълумоти онлайн-таблои Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, баъд аз зуҳри 7-уми май аз Маскав ба Душанбе ягон парвоз анҷом нашудааст. Баъзе парвозҳо бекор шуда, баъзеи дигар ба таъхир гузошта шудаанд.
Шабонарӯз дар хатсайри Маскав-Душанбе то 7 парвоз анҷом мешуд ва яке аз масирҳои асосии равуо миёни Тоҷикистон ва Русия аст.
Ҳамин тавр парвозҳо аз Санкт-Петербург ба Душанбе ҳам ба мушкил рубарӯ шудааст. Садҳо муҳоҷирони тоҷик як рӯз аст, ки дар фурудгоҳи Душанбе ва фурудгоҳҳои Жуковский ва Домодедовои Маскав дармондаанд.
Ҳанӯз маълум нест, ки вазъият кай ислоҳ мешавад. Кори фурудгоҳҳои асосии шаҳри Маскав дар пайи ҳамлаи густурдаи паҳподии Украина ба мушкил рубарӯ шуд.
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав аз партоби 20 дрон ба сӯи пойтахти Русия хабар дод. Вазорати дифои Русия мегӯяд, 500 бесарнишинро сарнагун кардааст.
Мустақилона тасдиқ кардани ин маълумот феълан ғайриимкон аст.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина 7-уми май аз ҳамлаҳои Русия ба кишвараш ёд карда гуфт, “одилона аст, ки осмони Русия низ тамоми рӯз ноором буд."
Дар 3 моҳ аз ҳисоби ҷаримаҳо ба будҷа $12,5 млн ворид шудааст

Буҷаи Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли равон аз ҳисоби ҷаримаҳо даҳҳо миллион сомонӣ, дарёфт кардааст.
Бар асоси як санади Вазорати молия, ки Радиои Озодӣ шинос шуд, дар моҳҳои январ-марти имсол, аз ҳисоби ҷаримаҳо ба буҷаи кишвар 129,5 миллион сомонӣ ё 12,5 миллион доллар ворид шудааст.
Ин маблағ аз пешбинии мақомот 27 миллион сомонӣ бештар будааст.
Маълум нест, ки дар семоҳаи аввали имсол сокинон бештар барои кадом қонуншиканӣ ҷарима шудаанд.
Аҳолӣ, бахусус ронандагон, борҳо аз ҷаримаҳои зиёд ва ҳангуфт шикоят кардаанд.
Кумитаи сармоягузорӣ биноҳои ду бонки муфлисшударо ба савдо гузошт

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон бинои филиалҳои “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодироткбонк”, ду бонки муфлисшударо ба савдо гузоштааст. Тибқи иттилои ин ниҳод, музояда барои харидани ин биноҳо рӯзҳои 16 ва 21-уми май баргузор мешавад.
Тибқи иттилои дарёфткардаи Радиои Озодӣ, идораҳои “Тоҷиксодиротбонк” дар ноҳияҳои Муъминобод, Ашт ва шаҳри Турсунзода ба фурӯш гузошта шудаанд. Нархи аввали ин биноҳо аз 2 то 4 миллион сомонӣ таъин шудааст.
Биноҳои “Агроинвестбонк” дар ноҳияи Панҷ 1,8 ва дар Қубодиён бошад 3,7 миллион сомонӣ нархгузорӣ шудаанд. Аз рӯи тартиби музояда, биноҳо ба касе фурӯхта мешаванд, ки нархи баландтар пешниҳод кунад.
Намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ нагуфтаанд, ки чанд кас барои харидани биноҳои ду бонки муфлисшуда довталаб шудаанд. Баъди соли 2017 чор бонки калони кишвар "Тоҷпромбонк", "Фононбонк", "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк", муфлис шуданд.
Аз ин миён танҳо "Фононбонк" амонати мизоҷонашро пардохт ва муштариёни се бонки дигар то ҳол наметавонанд пулҳои худро аз бонкҳо бозпас бигиранд.
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон борҳо ваъда додаанд, ки аз ҳисоби фурӯши амволи бонкҳои муфлисшуда маблағи мардум бозпас дода мешавад. Муштариён то ҳол нигарони амонатҳои гузоштаашон ҳастанд.
Хатари омадани мавҷи азими чангу ғубор дар фазои Тоҷикистон

Пешбиниҳои обуҳавосанҷони тоҷик мегӯяд, се рӯзи оянда дар қаламрави Тоҷикистон чангу ғубори пуршиддат мушоҳида хоҳад шуд. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар сомонааш навиштааст, ки чунин вазъ аз 8 то 10 майи соли ҷорӣ пешбинӣ мешавад.
Дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва шимолии ҷумҳурӣ суръати бод то 15-20 метр дар соатро ташкил хоҳад дод.
“Шароити номусоиди метеорологӣ боиси баланд шудани миқдори зиёди чанг дар атмосфера ва паст шудани сифати ҳаво мегардад”, мегӯянд мутахассисони ин ниҳод. Дар паи боло рафтани мизони чангу ғубор эҳтимолан бархе худро бад ҳис кунанд ва шиддатёбии бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва системаи дилу рагҳо ҳам пешбинӣ мешавад.
Мақомот ба аҳолӣ машварат додаанд, ки бо назардошти чунин тағйирот аз эҳтиёт кор гиранд. Аз ҷумла, ба кӯдакону наврасон, пиронсолон, занони ҳомила, гирифторони бемориҳои системаи нафаскашӣ (астма, бронхит, бемориҳои музмини шуш), бемориҳои дилу раг машварат шудаст, ки аз рӯи имконият бе зарурат аз хона набароянд. Ба ҳама сокинон машварат шудааст, ки дару тирезаҳоро пӯшида нигоҳ доданд.
Додситони кулл ба мубориза бо талафоти барқ даъват намуд

Як моҳ баъди ҷорӣ шудани ҷазои ҷиноӣ барои истифодаи ғайриқонунии барқ дар Тоҷикистон, додситони кулл Ҳабибулло Воҳидзода аз сохтоҳои ҳифзи қонуни кишвар даъват намуд, ки барои мубориза бо ин мушкил сафарбар шаванд. Мавзӯи асосии ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон рӯзи 6 май ҳам ҳамин будааст.
Дафтари матбуоти додситонии кулл навишт, дар ин ҷаласа супориши президент оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он баррасӣ гардид ва ба сохторҳои ҳифзи қонун дастур дода шуд, ки барои иҷрои ин талабот даст ба кор шаванд.
Ин хабар дар ҳолест, ки дар як моҳи ахир хабарҳо аз кунҷу канори Тоҷикистон дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шудани сокинон барои истифодаи ғайриқонунии барқ ҳарчи бештар нашр мешаванд. Бар асоси бархе хабарҳо аз минтақаҳои кишвар, мақомоти ҳифзи қонун дар маҳалҳо барои татбиқи дастури президент рейду корҳои назоратӣ ба роҳ мондаанд.
Бар асоси иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз моҳи апрел, барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндон пешбинӣ шудааст.
Тоҷикистон давоми даҳсолаҳо дар ҳолати бӯҳрони энержӣ ба сар мебарад, қимати барқ барои аҳолӣ ва корхонаҳо гарон гуфта мешавад, вале маълум нест то куҷо таъқиби ҷиноии шаҳрвандон барои барқи дуздӣ барои сабуктар шудани ин мушкил мусоидат мекунад.
«Канада фурӯхта намешавад», гуфт нахуствазири ин кишвар ба Трамп

Дар мулоқот бо президенти ИМА Доналд Трамп дар Кохи Сафед рӯзи 6 май, нахуствазири Канада Марк Карни гуфт, “Канада фурӯхта намешавад”. Ин посухи Карни дар ҷавоб ба суханҳои Трамп буд, ки гуфт, ба ҳайати ИМА дохил шудани Канада “як издивоҷи хубе мешуд. “Ҳаргиз нагӯй ҳаргиз”, гуфт Трамп ба Марк Карни.
Бо вуҷуди ихтилофҳои рӯшан, ҳарду кишвар дар ниҳоят аз ҷараёни гуфтугӯ изҳори қаноатмандӣ карданд. Марк Карни, ки бо ҳизби либералиаш дар интихоботи ахир таҳти шиори муқовимат ба нақшаҳои Доналд Трамп дар нисбати Канада ғалаба ба даст овард, мулоқоти гузаштаро “созанда” номид. Трамп изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкориҳои байни ду раҳбар танготанг хоҳанд шуд.
Дар мулоқоти гузашта Трампу Карни масоили вобаста ба таҳаввулоти ҷаҳон, аз ҷумла, ҳуҷуми Русия ба хоки Украина ва муносибатҳо бо Эронро баррасӣ карданд. Яке дигар аз мавзӯъҳои гуфтугӯи онҳо додугирифтҳои тиҷоратӣ буд, ки баъди ҷорӣ кардани тарруфаҳои азими амрикоӣ ба аксар маҳсулоти содиротии Канада ва ҳам тарруфаҳои ҷавобии он кишвар ба Амрико бисёр мураккаб шудааст.
Дар ин мавзӯъ ҳеҷ мувофиқае ҳосил нашуд, вале нахуствазири Канада аз омодагӣ ба музокирот ба хотири бекор кардани тарруфаҳои тиҷоратӣ ва дастёбӣ ба созиши нави байни ин ду шарики тиҷоратӣ хабар дод.
Латтукӯби муҳоҷирон дар бозори Новосибирск

Рӯзи 6 май дар Новосибирск нерӯҳои амниятӣ ҳамроҳ бо созмони миллатгарои «Русская община» ва ё «Ҷомеаи русҳо» дар бозори "Мандарин" рейд гузаронданд. Корбарони Радиои Озодӣ аз ҷараёни ин рейд навореро фиристоданд, ки дар он дида мешавад, чӣ гуна афроди ниқобпӯш муҳоҷиронро дар замин хобондаву бераҳмона калтаккорӣ мекунанд.
Дар ҳоле, ки, ба гуфтаи мусоҳибони мо, ин муҳоҷирон ҳама ҳуҷҷатҳояшон расмӣ буда, қонунӣ фаъолият доранд. Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, бозори мазкур тақрибан панҷ моҳи пеш ба фаъолият оғоз карда, дар он ҷо муҳоҷирони узбеку тоҷик ва қирғизу озарбойҷонӣ кор мекунанд.
Ин бори аввал нест, ки ҳангоми рейдҳо дар Русия муҳоҷирон бераҳмона латтукӯб мешаванд. Ҳафтаи равон Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон аз зиёд шудани ҳолатҳои бадрафторӣ нисбат ба шаҳрвандони ин кишвар изҳори нигаронӣ намуда дар ин робита сафири Русияро барои сӯҳбат даъват кард.
Ҳамчунин моҳи гузашта тафтиши таҳқиромези муҳоҷирони қирғиз дар ҳаммоми Маскав вокуниши ҷиддии вакилони Қирғизистонро ба бор овард.
ИМА ва ҳусиҳои Яман дар бораи оташбас ба созиш расидаанд

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳусиҳои ҳоким бар Яман дар бораи оташбас ба созиш расидаанд. Ин созиш бо миёнаравии кишвари Умон ба даст омадааст.
Ба асоси ин тавофуқ, Амрико ва ҳусиҳо ба якдигар ҳамла намекунанд. Аз ҷумла, ҳусиҳо қавл додаанд, ки ба киштиҳои амрикоӣ дар Баҳри Сурх ҳамла намекунанд.
Вале дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Умон, ки миёнарави ин музокирот аст, дар бораи қатъи ҳамлаи ҳусиҳо ба Исроил чизе ишора нашудааст.
Пеш аз эълони ин хабар, Доналд Трамп гуфт, Амрико дигар ҳусиҳоро бамборон намекунад.
Иёлоти Муттаҳида рӯзи 15-уми марти имсол ҳамларо алайҳи шӯришиёни ҳусии Яман сар кард.
Амрико шӯришиёни ҳусиро як гурӯҳи террористӣ медонад.
Ҳукумат дастур додааст, ки то 30% мошинҳо дар кишвар барқӣ бошанд

Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки то 30 дарсади мошинҳо дар кишвар барқӣ ё электромобил бошанд.
Рӯзномаи расмии "Ҷумҳурият" навиштааст, ин кор бояд то соли 2028 анҷом шавад.
Ба иттилои расмӣ, танҳо давоми се моҳи имсол ба кишвар 6047 нақлиёти барқӣ ворид шудааст.
То имрӯз шумораи умумии нақлиётҳои барқӣ дар кишвар 27 ҳазор будааст.
Аз соли 2022 ворид кардани нақлиёти барқӣ ба Тоҷикистон аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод аст.
Баъди ин кор таваҷҷуҳ ба мошинҳои барқӣ зиёд шуд, аммо маҳдудият барқ дар минтақаҳо мушкили дигареро барои соҳибони ин нақлиётҳо ба вуҷуд овардааст.
"Ба масҷид рафтан намонед". Талаби омӯзгорон аз волидайн дар Исфара

Баъзе сокинони шаҳри Исфара дар шимоли Тоҷикистон мегӯянд, омӯзгорон дар вақти гардиши хона ба хона, аз онҳо забонхат гирифтаанд, ки фарзандонашонро аз чанд кор манъ кунанд.
Аз ҷумла, аз волидайн талаб шудааст, ки фарзандони мактабхонашонро аз рафтан "ба таълимоти динии ғайрирасмӣ, рафтан ба масҷиди панҷвақта ва намози ҷумъа", боздоранд.
Қонуни масъулияти падару модар ҳам рафтани наврасони то синни 18-ро ба масҷид манъ мекунад. Инчунин падару модарон муваззаф шудаанд, ки баъди соати 18 ба писаронашон иҷозаи баромадан аз хона надиҳанд. Ба шахсони шубҳанок ва бегона иртибот надоштан ва ба мактаб наовардани телефони мобилӣ, аз талабҳои дигар аз волидайн будааст.
Як сокини деҳаи Наймани шаҳри Исфара нусхаи ин забонхатро ба Радиои Озодӣ фиристода гуфт, аз онҳо талаб шудааст, ки зери ин забонхат имзо гузоранд. Дар сурати иҷро накардани ин дархостҳо, волидайн бар асоси қонуни масъулияти падару модар муҷозот мешудаанд.
Намояндагони идораи маорифи шаҳри Исфара нахостанд дар ин бора сӯҳбат кунанд. Ҳакима Атохонзода, сардори Раёсати маорифи Исфара дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "умуман инхел гап нест" ва гӯширо гузошт.
Ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон яке аз масъалаҳои нигаронкунанда барои мақомоти Тоҷикистон мебошад. Аммо маълум нест, ки бо усули "гардиши хона ба хона", ва забонхат гирифтан аз волидайн, то куҷо ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон метавонад коҳиш ёбад.
Дар овоздиҳии дуюмбора Мертс ба мақоми садри аъзами Олмон интихоб шуд

Дар овоздиҳии бори дуюм аъзои бундестаг номзадии Фридрих Мертсро дар мақоми садри аъзами Олмон пазируфтанд. Барои номзадии ӯ ин навбат 325 вакил посухи мусбат доданд. Дар ин бора Deutsche Welle хабар додааст.
Барои бурдани интихобот раъйи мусбати 316 вакил зарур аст. Рӯзи сешанбе дар аввалин овоздиҳӣ ба тарафдорӣ аз Мертс 310 вакил овоз дод, ки ин нокофӣ мебошад.
Чунин натиҷаро касе интизор набуд ва дар пай дар кори ҷаласаи парлумон танаффус эълон шуд. Баъди ин раҳбари ҳизби Сотсиал-демократии Олмон Ларс Клингбайл хабар дод, ки ҳамаи ҳизбҳо, ба истиснои “Алтернативаи Олмон” ба хулосае омаданд, ки овоздиҳии такрорӣ бояд худи ҳамин рӯз барпо шавад.
Натиҷаҳои овоздиҳии нахустинро ҳизби ростгарои популистии “Алтернатива барои Олмон” истиқбол кард.
Рӯзи гузашта Эътилофи марказу ростгарои демократҳои масеҳӣ ва муҳофизакор ҳамроҳ бо ҳизби сотсиал-демократӣ созишномаи мусолеҳаомезеро имзо карданд. Бар асоси ин созиш, сиёсати муҳоҷират сахттар шуда хароҷот дар барномаҳои дифоӣ афзоиш меёбад. Инчунин дар ин санад гуфта шудааст, ки пуштибонии Украина идома хоҳад ёфт.
Ваъдаи пул ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ барои тарки ИМА

Ҳукумати Амрико гуфт, ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки ихтиёран ин кишварро тарк мекунанд, 1000-долларӣ мепардозад. Дар ин бора Вазорати умури дохилии Амрико хабар додааст.
Барои гирифтани ин пул муҳоҷирон бояд дар барномаи махсуси CBP Home сабти ном кунанд. Сипас аз Амрико берун шаванду тасдиқ намоянд, ки кишварро тарк кардаанд.
Пас аз ин, ба онҳо 1000 доллар дода мешавад. Илова бар ин, дар сурати ихроҷи ихтиёрӣ, онҳо метавонанд ба кӯмаки мақомоти Амрико дар омода кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва дарёфти маблағ барои харидани билети ҳавопаймо умед банданд.
Вазорати умури дохилии Амрико интизор дорад, ки аз ин роҳ харҷи берун кардани муҳоҷирон то 70 дарсад кам мешавад. Ҳафтаи гузашта мақомоти ИМА 131 шаҳрванди Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро ба Тошканд ихроҷ карданд.
То кунун исми 149 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ба рӯйхати онҳое ворид шудааст, ки бояд аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ихроҷ шаванд.
Боздиди бидуни огаҳии вазири маориф аз мактабҳои Ҳисор чиро нишон дод?

Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, дар паи боздиди ғайриногаҳонии вазир Раҳим Саидзода ба чанд муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Ҳисор ҳолати риққатбори мактабҳо, ҳузури нокофии шогирдон дар дарсҳо, корношоямии мизу курсиҳо дар синфхонаҳо ва дигар мушкилотро бармало кард. Дар бораи боздиди вазир дар санаи 5 май ба ноҳияи Ҳисор сомонаи Фейсбукии Вазорати маорифи Тоҷикистон хабар додааст.
Дар изҳороти вазорат, аз ҷумла, гуфта мешавад, ки “аз камтаваҷҷуҳӣ ва саҳлангории шуъбаи маориф ва директорони муассисаҳо корҳои таълимию тарбиявӣ ва ободонӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, интизоми меҳнат ва иштироки хонандагон дар дарс ба таври ҷиддӣ нигаронкунанда мебошанд”.
Ҳангоми боздиди аз пеш эълоннашудаи вазир дар мактаби рақами 29 мудир ва муовини мудир оид ба хоҷагидорӣ “бе сабабҳои узрнок” дар сари кор ҳузур надоштанд. Тахминан чил дар сади хонандагон дар дарс набуданд ва шогирдон танҳо нисфи китобҳои дарсиро ба синф оварда буданд, менависад вазорат.
“Аз шумораи 22 нафар хонанда, ягон нафар ба одитарин саволҳои пешниҳодшуда, аз ҷумла, муаррифии худ ба забонҳои русӣ ва англисӣ, муодилаҳои одӣ аз синфи 7 ва технологияи иттилоотӣ чист, ҷавоб гардонида натавонистанд», омадааст дар изҳорот.
Интиқоди муҳими вазорат, инчунин ба шароити синфхонаҳо рабт дорад. “Ҳолати синфи мазкур ва дар умум, муассиса ба одитарин талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯй набудааст”, омадааст дар изҳороти вазорат.
Маълум нест маъмурияти ин мактаб ба интиқоди вазорат чӣ назар дорад.
Интиқод аз шароити мактабҳои Тоҷикистон, бахусус дар манотиқи дурдасту деҳот бисёр садо додааст ва мунтақидон гоҳо масъулони соҳаи маорифро барои таваҷҷӯҳи нокофӣ ба эҳтиёҷоти ин соҳа ва таъминоти нопурраи шогирдон бо китобу васоили дигари мактабӣ танқид мекунанд.
Соҳаи маорифро мақомоти ҳифзи қонун яке аз фасодзадатарин дар миёни дигар бахшҳо меноманд.