Дар чанд ҷумла
Президенти пешини Қирғизистон ва сиёсатмадорони дигари зиндонӣ озод шуданд

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев баъди ғасби бинои Кумитаи амнияти миллии ин кишвар аз сӯи эътирозгарон озод карда шуд.
Отамбоев 23 июни соли равон дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани соҳибнуфузи олами ҷиноӣ Азиз Ботукаев 11 солу 2 моҳ зиндонӣ ва аз мукофотҳои давлатии "Данакер", "Манас" дараҷаи II ва медали "Данк" маҳрум карда шуда буд.
Эътирозгарон ҳамчунин сарвазири пешини зиндонии Қирғизистон Сафар Исҳоқов ва собиқ вакили порлумони Қирғизистон Содир Жапаровро, ки соли 2018 ба муҳлати 11 сол зиндонӣ шуда буд, озод карданд.
Вакили дифои Исҳоқов - Замир Жоошев гуфт, сарвазири пешин бо талаби эътирозгарон озод карда шудааст.
"Вале бар асоси қонун, бояд рӯзҳои наздик додгоҳ парвандаҳои Исҳоқов ва Отамбоевро бозбинӣ ва онҳоро сафед кунад. Ҳама чиз бояд дар доираи қонун сурат бигирад", - афзуд ҳуқуқшинос.
Писари вакили пешини дигари порлумони Қирғизистон Равшан Ҷеенбеков -- Азат дар Твиттер хабар дод, ки падари ӯ низ озод шудааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Эҳтимоли маҳдудият дар дастрасӣ ба интернет дар Маскав

Эҳтимол меравад, дар рӯзҳои таҷлили Иди ғалаба дар ҳудуди Маскав дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ва интернет маҳдуд шавад. Дар ин бора рӯзи 5 май тавассути Системаи ягонаи давлатии огоҳонӣ аз ҳолатҳои фавқулодда маълумот нашр шудааст.
Аз ин пеш хабаргузории ТАСС дар бораи вуҷуди мушкил ё маҳдудидият дар алоқаи мобил дар шаҳр ва вилояти Маскав хабар дод. Корбарон гуфтанд, чунин мушкил ба ҳангоми истифода аз хадамоти ширкатҳои "Билайн", МТС ва T2 эҳсос мешавад.
Ширкатҳо ба ТАСС гуфтаанд, ки мушкил ба онҳо бастагӣ надорад. Блогерҳо гуфтанд, ки маҳдудият ба далелҳои амниятӣ ва бо мақсади таъмини бехатарии раҳбарони кишварҳое рабт дорад, ки рӯзи 9 май аз паради ҳарбӣ тамошо мекунанд.
Интизор меравад, ки аз Тоҷикистон президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар ин чорабинӣ иштирок хоҳад кард. Дар миёни дигар меҳмонҳо сафари раҳбарони Чин, Бразилия ва Куба ҳам пешбинӣ мешавад. Раҳбари Словакия Роберт Фитсо ҳам сафарашро ба Маскав тасдиқ кард.
Пеш аз он ӯ суханҳои президенти Украина Владимир Зеленскийро чун “таҳдид” танқид кард, ки гӯё гуфтааст, наметавонад амнияти раҳбарони хориҷиро ба ҳангоми сафарашон ба Маскав кафолат диҳад. Дар асл Зеленский пешниҳоди оташбаси серӯзаи Путин ба муносибати Иди Ғалабаро рад кард ва онро берӯёна номид.
Зеленский гуфт, ки Украина наметавонад барои ҳодисаҳо дар Русия, ки он ҷо метавонад ҳама гуна тавтеа рух диҳад, ҷавобгар бошад. Зеленский ҳеҷ гоҳ таҳдид накардааст, ки дар ҷараёни ҷашни Иди Ғалаба ба Маскав бо паҳпод ҳамла хоҳад кард.
Полиси Маскав огоҳ кардааст, ки истифода аз маводи тарфгарӣ ва паҳподҳо дар ҷараёни омодагӣ ба иди 9 май ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ дорад.
Полиси Душанбе фолбинро дар "рафтори бадахлоқона" гумонбар медонад. Назари зан маълум нест

Полиси шаҳри Душанбе аз ҳабси пешакии зане хабар дод, ки ба навиштааш, бо вуҷуди огаҳиву ҳушдори аз ин пеш, дубора ба фолбинӣ машғул шуда, инчунин гӯё бо муштариёнаш робитаҳои маҳрамона барпо мекардааст.
Полиси шаҳри Душанбе дар Телеграм-каналаш рӯзи 5 май гуфт, зани муттаҳам Сурайё Наҷмуддиноваи 44-сола - сокини ноҳияи Рӯдакӣ мебошад ва нисбати ӯ протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Дар шарҳи ин қазия полис мегӯяд, зан “бо суистифода аз ҳиссиёт ва боварҳои динӣ бо ҷавонони муроҷиаткунанда амалҳои шаҳвонӣ анҷом медод”. Гумонбар аз рӯи моддаи 142 иловаи 1 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “Алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динӣ” ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Маълум нест назари худи Наҷмуддинова ба ин иттиҳом чӣ аст ва то куҷо ӯ бо вакили дифоъ таъмин шудааст.
Ин бори аввал нест, ки мақомоти ҳифзи қонун наворҳои пинҳонӣ сабтшуда аз хонаҳои нафаронеро нашр мекунанд, ки худро ба унвони фолбин ё табиби мардумӣ муаррифӣ мекунанд. Дар бисёр ҳолатҳо нашри чунин наворҳо бо ҳадафи бадномкунии ходимони дин ҳам таҳия мешаванд.
Русия аз Кореяи Шимолӣ муҳоҷири корӣ ворид мекунад

Кореяи Шимолӣ ба Русия 15 ҳазор муҳоҷири кориро фиристодааст. Дар ин бора 5 май бо такя ба идораи ҷосусии Кореяи Ҷанубӣ нашрияҳои The Wall Street Journal ва Reuters хабар доданд. Маълумоти омори Русия мегӯяд, шумори шаҳрвандони Кореяи Шимолӣ, ки соли гузашта ба хоки Русия ворид шудаанд, 12 баробар бештар назар ба соли 2023 будааст.
Аксари онҳо дар Шарқи Дур кор мекунанд. Бовар меравад, ки базудӣ онҳо дар шаҳрҳои калон ҳам ба кор ҷалб хоҳанд шуд. Кордиҳандагон дар Русия мегӯянд, коргарон аз Кореяи Шимолӣ барои кори 12-соатаи каммузд розӣ буда, барои шароити бади кор шикоят намекунанд.
Вазорати меҳнати Русия пешбинӣ кардааст, ки то соли 2030 камбуди нирӯи корӣ дар ин кишвар 2,4 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ҳоло ин камбудӣ 1,5 миллион нафар мебошад. Як сабаби ҷиддии ин камбудӣ дар сахттар шудани қонунҳои муҳоҷиратӣ корӣ, аз ҷумла барои тоҷикистониҳо мебошад. Баъди ҳамла ба толори “Крокус” моҳи марти соли 2024, фишору, таъқиб ва саркӯби муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ шеваи бераҳмонаву таҳқиромез касб кардааст.
Ҷалби коргарон аз Кореяи Шимолӣ ба Русия дар ҳоле бештар мешавад, ки бар асоси қарори Шӯрои амнияти СММ дар чаҳорчӯби таҳримҳои вобаста ба барномаи ҳастаии Пхенян ба кор қабул кардани муҳҷирони корӣ аз Кореяи Шимолӣ манъ мебошад.
Кореяи Шимолӣ дар баробари коргарон, ба Русия низомиён ва силоҳу аслиҳа ҳам мефиристад. Идораи ҷосусии Кореяи Ҷанубӣ мегӯяд, соли 2024 - 12 ҳазор низомии он кишвар ба Русия барои ширкат дар ҷанги зидди Украина рафтанд ва соли 2025 – 3 ҳазор нафари дигар ҳамроҳ шуданд. Аз миёни 4700 нафар талафоти низомии Кореяи Шимолӣ дар ин ҷанг, 600 нафарашон ҷон додаанд.
Боздошти ҳафт эронӣ дар амалиёти зиддитеррористӣ дар Бритониё

Полиси Бритониё рӯзи 4 май дар доираи ду амалиёти зоҳиран аз ҳам ҷудои зиддитеррористӣ ҳашт нафар, аз ҷумла ҳафт шаҳрванди Эронро дастгир намуд. Мақомот гуфтанд, ки талош доранд эҳтимолияти “хатари бештар барои ҷомеа”-ро ташхис кунанд.
Иветт Купер, вазири умури дохилии Бритониё гуфт, “ин ду амалиёти азим ба хотири пешгирӣ аз таҳдидҳои зиддитеррористӣ мебошад”. Ҷузъиёти бештар феълан нашр намешавад.
Полиси шаҳри Лондон гуфт, рӯзи 3 май панҷ мард, аз ҷумла чор шаҳрванди Эрон бо иттиҳоми ташкили ҳамла ба як маконе, ки номаш пинҳон мемонад, боздошт шуданд. Мақомот гуфтанд, ки дар талоши муайян намудани шаҳрвандии нафари панҷум ҳастанд.
Дар амалиёти ҷудогона, ба иттилои полиси Лондон, се эронии 39 то 55-сола дастгир шуданд. Феълан сафорати Эрон дар Бритониё ин хабарро шарҳ намедиҳад.
Мақомот гуфтанд, ки бо дастгиршудаҳо сӯҳбат мекунанд ва ҳанӯз нисбати ҳеҷ нафаре аз онҳо иттиҳоме эълон нашудааст.
Боздоштҳои мазкур дар пасманзари афзоиши таниш дар робита бо эҳтимоли фаъолшавии тарафдорони режими Теҳрон дар хоки Бритониё сурат мегирад. Ба иттилои мақомоти иктишофии Бритониё, аз соли 2022 то порсол мақомоти ин кишвар ба 20 тавтеаи вобаста ба Эрон вокуниш ва аз таҳдиди рух додани ҳодисаҳои марг дар ҷомеа пешгирӣ кардаанд.
Собянин гуфт, чор паҳподро дар наздикиҳои Маскав безарар намуданд

Шаҳрдори пойтахти Русия дар бораи безарар намудани чаҳор паҳпод ё ҳавопаймои бидуни сарнишин, ки ба сӯи Маскав ҳаракат мекарданд, хабар додааст.
Сергей Собянин дар саҳифаи Телеграммаш навишт, ин паҳподҳоро шаби 5-уми май дар фазои минтақаи Подолск нобуд карданд.
Ба гуфтаи ӯ, талафот ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст. Вазорати дифои Русия ҳамчунин хабар дод, ки чаҳор дронро дар минтақаи Маскав сарнагун карданд.
Илова бар ин, ба гуфтаи ниҳоди мазкур, 17 ҳавопаймои бесарнишин дар болои вилояти Брянск ва панҷтои дигар дар вилояти Калуга сарнагун карда шудааст.
Ҳангоми ҳамла фурудгоҳҳои Маскав фаъолияташонро қатъ карданд. Украина дар бораи ин ҳамлаҳо изҳори назар накардааст.
Пешсафии номзади ростгароҳо дар интихоботи президентии Руминия

Дар кишвари аврупоии Руминия дар интихоботи такрории президентии рӯзи якшанбе сиёсатмадори ростгаро Ҷорҷе Симион баранда гардид.
Бар асоси ҳисоби 95% овозҳои даври аввали интихобот, ба истиснои овози раъйдиҳандагон дар хориҷа, Симион 40% раъйҳоро ба даст овардааст.
Барои бурдани ҷои дуюм дар интихобот ду номзади дигар – Крин Антонеску – раҳбари эътилофи раҳбарикунанда ва шаҳрдори Бухарест Никушор Дан мубориза мебаранд. Аввалӣ наздики 21% ва дуюмӣ каме бештар аз 20% овозҳоро ба даст овардаанд.
Ин ду номзадро марказу Аврупогаро меноманд. Барои бурдани ҷои аввал дар даври аввали овоздиҳӣ беш аз 50% овози тарафдорон зарур мешавад. Қарор аст даври дуюми интихобот дар Руминия 18 май сурат гирад. Дар даври аввали интихобот 11 номзад иштирок намуд.
Исроил ҷангро дар Ғазза сахттар мекунад

Артиши Исроил даҳҳо ҳазор нерӯи захираро фаро хондааст, то амалиёт дар Навори Ғаззаро шиддат бахшад.
Дар хабарномаи артиш омадааст, бо ҳадафи баргардондани гаравгонҳо ва торумор кардани ҷангҷӯён, "фишорро сахтар мекунад."
Низомиёни исроилӣ гуфтаанд, артиш дар ноҳияҳои дигари Ғазза амалиёт мегузаронад, то иншоотҳои вобаста ба гуруҳи "Ҳамос"-ро дар болои замин ва зери он нобуд кунад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо "Ҳамос"-ро гуруҳи террористӣ медонанд.
Дар назар аст, ки ҳукумати Исроил нақшаи васеъ кардани амалиёти низомӣ дар Ғаззаро баррасӣ ва тасдиқ кунад.
Музокирот барои оташбас ва бозгардонии гаравгонҳо аз Навори Ғазза натиҷаи дилхоҳ надодааст.
Тибқи иттилои ахир 59 гаравгони исроилӣ дар дасти "Ҳамос" мондаанд ва гуфта мешавад танҳо 24 тани онҳо зиндаанд.
Артиши Исроил пас аз ду моҳ оташбас, 18-уми март бори дигар ҳамла ба Навори Ғаззаро оғоз кард, то гуруҳи "Ҳамос"-ро аз байн бурда, гаравгонҳоро озод кунад.
Баъди дубора оғоз шудани ҷанг, созмонҳои мададрасон аз камбуди шадиди ғизо, об ва дору дар Ғазза нигаронӣ карда, Исроилро ба “сиёсати гуруснагӣ” муттаҳам карданд. Исроил иттиҳомро рад мекунад.
Талаби Миронов аз додситони Русия: додани хона ба муҳоҷирони собиқро санҷед

Сергей Миронов, раиси ҳизби "Русияи одил" аз додситони кулли ин кишвар хостааст, ки додани хона ба "шаҳрвандони нав"-и Русия санҷида шавад.
Ба гузориши ТАСС, Миронов дар номааш ба додситони кулли Русия навиштааст, вақтҳои ахир ҳолатҳое зиёд шудааст, ки шаҳрвандони нави Русия ғайриқонунӣ соҳиби хона ё маблағи хариди хона мешаванд.
"Раванди нигаронкунанда аст, ки сокинони бумии кишвар дар канор гузошта шуда, ба муҳоҷирони собиқ манзил медиҳанд,"-навиштааст Миронов, аммо далеле барои исботи гуфтааш наовардааст.
Мавзӯи додани хона ба шаҳрвандони нави Русия имсол чанд маротиба садо дод. Азҷумла додани манзил ба оилаи Акрам Масаидов, зодаи Тоҷикистон, ки чор фарзанд дорад, дар шаҳри Качканари вилояти Свердлов хашми миллатгароёнро барангехт.
Ҳамчунин дар нимаи моҳи январи имсол дар шаҳри Митиши, наздикии Маскав, ба зодаи Тоҷикистон – Таҳмина Самадова – манзили зист тақдим карданд. Дертар мақомоти Русия зери фишори ҷомеа манзилро аз ин оилаи серфарзанд гирифта, онҳоро ба тақаллуб муттаҳам карданд.
Намунаи ахираш Кумитаи тафтишотии Тотористон моҳи март эълон кард, ки тақдими хона ба як оилаи муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Нижнекамскро таҳқиқ мекунад.
Ҷасади як ноболиғ дар Ёвон баъди ду рӯз пайдо шудааст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ҷасади як ноболиғро дар ноҳияи Ёвон, баъди ду рӯз ҷустуҷӯ пайдо кардаанд. Ҷамолиддин Акбаралии 12-соларо рӯзи 2-юми май сел бурд. Ӯ ҳамроҳи бародараш ба чарондани чорво машғул будааст.
Дар хабарномаи расмӣ омадааст, 7 наҷотдиҳанда ва 50 сокини ноҳияи Ёвон ин наврасро ҷустуҷӯ карданд.
Ба гуфтаи мақомот, ҷасади Ҷамолиддини Акбаралиро баъд аз зуҳри 4-уми май дар наздикии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва дар 60 километрии ҷойи ҳодиса пайдо кардаанд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар пайи офатҳои табии рӯзи 2-юми май дар Тоҷикистон, ду нафар ба ҳалокат расида, чанд роҳ ва хонаҳо осеб дидаанд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, як сокини 25-солаи ноҳияи Деваштич ҳангоми чарондани чорво "бар асари ҳавои номусоид ва раъду барқ аз расиши барқ ба ҳалокат расидааст." Ҳодиса соати 3-и шаб рух додааст.
Сел ҳамчунин ба манзили сокинони ноҳияҳои Айнӣ ва Ёвон ва ҳамчунин роҳҳои Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ осеб расондааст.
Ҳусиҳо ба як фурудгоҳи Исроил ҳамла кардаанд

Мушаки баллистикие, ки аз Яман партоб шуда буд, субҳи якшанбеи 4-уми май ба фурудгоҳи Бен-Гуриони Исроил афтид. Ба гузориши расонаҳои исроилӣ, дастикам як кас маҷруҳ шуда, роҳи мошингузар хароб шудааст.
Расонаҳои Исроил навори лаҳзаи таркишро пахш карданд.
Артиши Исроил аз талошҳо барои безарар кардани мушак хабар дода, дар айни замон тасдиқ кардааст, ки афтидани мушак дар маҳалли фурудгоҳ сабт шудааст. Дар хабари расмӣ омадааст ҳодиса таҳқиқ мешавад. Фурудгоҳи байнулмилалии Бен-Гурион муваққатан корашро қатъ кардааст.
Ҳусиҳои Яман, ки аз сӯи Эрон пуштибонӣ мешаванд, бо талаби поёни ҷанг дар Ғазза, борҳо ба самти Исроил мушак партоб кардаанд. Исроил ҳам чанд маротиба ба макони Ҳусиҳо дар Яман ҳамла кардааст. Ахиран неруҳои ИМА ҳам ба Ҳусиҳо ҳамла карданд.
Номи 170 шаҳрванди Туркманистон, ки алайҳи Украина меҷанганд

Тарҳи "Зистан мехоҳам" (Хочу жит) номи 170 шаҳрванди Туркманистонро муайян кардааст, ки аз тарафи Русия алайҳи Украина меҷанганд. Тибқи рӯйхат 27 нафари онҳо кушта шудаанд.
Тарҳи “Зистан мехоҳам” (Хочу жит), ки тарҳи давлатии Украина аст, пештар номи шаҳрвандони чор кишвари дигари Осиёи Марказиро нашр карда буд, ки зидди Украина ҷангидаанд. Дар рӯйхат номи 931 шаҳрванди Тоҷикистон, 1110 узбекистонӣ, 661 қазоқистонӣ ва 360 табааи Қирғизистон зикр шудаанд.
Дар умум, тибқи омори тарҳи “Зистан мехоҳам” 3232 шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ аз тарафи Русия ба ҷанги зидди Украина фиристода шудаанд. Ба навиштаи ин тарҳ, зодагони Осиёи Марказӣ асосан бо ваъдаҳои маоши баланд ё таҳдид ба артиши Русия ҷалб карда мешаванд.
Тарзи ҷалби муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ҳам нав нест. Онҳоро дар ҷараёни амалиёт боздошт карда, бо таҳдиди рондан аз Русия ба бастани қарордод маҷбур мекунанд.
Рӯзи 23-юми апрел тарҳи “Зистан мехоҳам” омори зархаридони тоҷикро дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия нашр карда буд. Ба ҳисоби ин тарҳ, 931 зодаи Тоҷикистон аз соли 2022 то моҳи январи соли 2025 ба таври қарордодӣ аз тарафи Русия ба зидди Украина ҷангидаанд.
Бар асоси феҳраст, аз 931 зодаи Тоҷикистон то моҳи январи соли 2025-ум 196 нафар кушта шудаанд.
Артиши Украина як ҳавопаймои Русияро нобуд кардааст

Вазорати дифои Украина аз сарнагун кардани як ҳавопаймои тирандози Су-30-и Русия хабар додааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, ин ҳавопаймо наздики 50 миллион доллар арзиш дорад.
Ҳавопаймои русӣ шаби 3-юми май бар фарози Баҳри Сиёҳ нобуд шудааст. Ба хабари идораи истихборотии Вазорати дифои Украина, ҳавопаймои Су-30 тариқи мушаке сарнагун шуд, ки аз киштии ҳарбии "Магура" шиллик шуда буд.
Вазорати дифои Русия ҳанӯз ба ин хабар вокуниш накардааст. Аммо телеграм-каналҳои наздик ба мақомоти Русия сарнагун шудани ҳавопаймои Су-30-ро тасдиқ кардаанд. Азҷумла телегр-канали "Рибар" навиштааст, ин ҳавопаймо аз сӯи неруҳои Украина нобуд шудааст.
Дар ҳамин ҳол Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина 3-юми май дар муроҷиати видеоӣ гуфт, дар вақти ҳуҷум ба нимҷазираи ишғолии Қрим, боз як ҳавопаймои Русия нобуд шудааст. Тасдиқи дурустии ин маълумот феълан дар даст нест.
Нахуствазири Исроил сафар ба Озарбойҷонро бекор кард

Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу сафарашро ба Озарбойҷон ба таъхир гузошт. Қарор буд Нетаняҳу 7-уми май ба Озарбойҷон рафта, чор рӯз онҷо монад. Аммо дар пасманзари омодагӣ ба ҳуҷуми нави Исроил ба Навори Ғазза ва бад шудани робита бо Туркия, сафари Нетаняҳу ба қафо афтид.
Дафтари нахуствазири Исроил бегоҳи 3-юми май дар хабарномае навишт, "бо таваҷҷуҳ ба рӯйдодҳои навори Ғазза ва Сурия" ва "ба далели чорабиниҳои сиёсӣ" ин сафар ба вақти баъдтар гузошта шуд. Аммо санаи дақиқи сафари Нетаняҳу ба Озарбойҷон хабар дода нашудааст.
Шаби 3-юми май артиши Исроил ба чанд мавқеъ дар Сурия зарба задааст. Рӯзномаи The Times of Israel навишт, артиш ба иншоотҳои низомӣ, анбор ва маҷмааҳои мушакӣ ҳамла кардааст.
Дидбони ҳуқуқи башари Сурия мустақар дар Лондон хабар додааст, ки артиши Исроил ба 20 мавқеъ дар Сурия зарба задааст. Ин бузургтарин ҳамлаи Исроил ба Сурия дар соли 2025 гуфта мешавад.
"Ал-Аҳлӣ" ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои Осиё шуд

Бошгоҳи футболи "Ал-Аҳлӣ"-и шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ бори аввал дар таърихи худ ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои Осиё гардид.
Дастаи "Ал-Аҳлӣ" дар бозии ниҳоии мусобиқа, ки 3-юми май дар вазишгоҳи "Шоҳ Абдуллоҳ Спортс Сити"-и Ҷидда доир гардид, бар тими "Кавасаки Фронтале"-и Ҷопон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.
Ҳарду гол дар нимаи аввали дидор зада шуд. Ҳамлагари бразилӣ Вендерсон Галено дар дақиқаи 35-ум ҳисобро кушод. Голи дуюми арабҳоро нимҳимоятгари африқоӣ аз Кот-д'Ивуар Франк Кессиэ баъди ҳафт дақиқа ба самар расонд. Дар ҳарду ҳолат ҳам голҳо бо кӯмаки собиқ бозигари бошгоҳи "Ливерпул"-и Англия Роберто Фирмино зада шуд.
Бояд зикр намуд, дар даври ниманиҳоӣ "Ал-Аҳлӣ" бар тими "Ал-Ҳилол"-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 3:1 ва "Кавасаки Фронтале" бар дастаи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда буданд.
Бошгоҳи "Ал-Аҳлӣ", ки соли 1937 таъсис ёфтааст, дар ҳамин ҳол зери раҳбарии сармураббӣ Маттиас Яйссле, мутахассиси 37-солаи олмонӣ, дар ҷадвали Лигаи бартари Арабистони Саудӣ бо 58 имтиёз аз 29 бозӣ зинаи панҷумро касб кардааст.
“Ал-Иттиҳод” бо 68 имтиёз дар ҷойи аввал, “Ал-Ҳилол” бо 62 имтиёз дар ҷойи дуюм ва “Ал-Наср” (дар ҳайаташ Криштиану Роналду бозӣ мекунад) бо 60 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд.
"2 кас ҳалок шуд." Пайомади офати табиӣ дар Тоҷикистон

Дар пайи офатҳои табии рӯзи 2-юми май дар Тоҷикистон, ду нафар ба ҳалокат расида, чанд роҳ ва хонаҳо осеб дидаанд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, як сокини 25-солаи ноҳияи Деваштич ҳангоми чарондани чорво "бар асари ҳавои номусоид ва раъду барқ аз расиши барқ ба ҳалокат расидааст." Ҳодиса соати 3-и шаб рух додааст.
Манбаъ мегӯяд, фавтидаи дуюм Ҷалолиддини Акбаралӣ, сокини 12-солаи ноҳияи Ёвон мебошад. Ин наврасро ҳангоми чарондани чорво сел бурдааст. Мақомот мегӯянд, ҷасади ӯро то ҳол пайдо накардаанд.
Рӯзи 2-юми май ҳамчунин як духтари 18-сола ҳангоми аксгирӣ ба дарёи Сир афтидааст. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ин духтарро аз об зинда берун овардаанд.
Ба гуфтаи мақомот, дар пайи боридани борони зиёд ва омадани сел чанд роҳ ва хонаҳои сокинон ҳам зарар дидааст. Азҷумла дар роҳи Айнӣ-Панҷакент сел ва сангреза фаромада, роҳ муваққатан баста шудааст. Мақомот мегӯянд, роҳро кушодаанд.
“Ҳамчунин дар деҳаи Хушекати ҷамоати деҳоти Айнӣ, сел ба заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷуйборҳои оби полезӣ, роҳои дохилӣ ва иншооти ёрирасон ворид гардида, зарар расонд,”-омадааст дар хабарномаи расмӣ.
Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, дар пайи омадани сел дар километри 290-и роҳи Душанбе-Хоруғ, ин масир муваққатан баста шуд. Ин роҳ барои баъзе намуд нақлиётҳо боз шудааст.
Дар ҷамоатҳои Чоргул ва Даҳанаи ноҳияи Ёвон низ сел ба хонаҳо даромадааст.
Дар наворҳое, ки сокинон ба Радиои Озодӣ фиристоданд дида мешавад, ки дар чанд минтақаи дигар, азҷумла вилояти Хатлон ва ноҳияи Куҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд низ сел омадааст. Баъзе сокинон шикоят доранд, ки аз мақомот кӯмаки зарурӣ дарёфт накардаанд.
Аксҳоро корбарони Радиои Озодӣ аз деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ фиристодаанд: