Венс гуфт, Русия "талаботи аз ҳад беш пеш гузоштааст"

Ҷей Ди Венс, муовини президенти ИМА дар конфронси Мюнхен оид ба амният гуфт, дар музокироти сулҳ оид ба хатми ҷанг дар Украина Русия “талаботи аз ҳад зиёд пеш гузоштааст”. Венс рӯзи 7 май гуфт, “ман намегӯям, ки русҳо дар сулҳ манфиатдор нестанд”. Ӯ афзуд, ҷониби Русия “як қатор талабот ва гузаштҳое барои хатми низоъ пеш гузоштааст”. Муовини президенти Амрико гуфт, “ба фикри мо, онҳо талаботи аз ҳад беш пеш гузоштаанд”.

Венс афзуд, Украина дар музокираҳо нақши муҳиме мебозад, чунки яке аз ҷонибҳои ин низоъ мебошад. «Мо бояд бипурсем, ки барои хатми бомуваффақияти ин низоъ ба Украина чӣ лозим аст», гуфт ӯ. Венс гуфт, музокираҳо идома доранд ва ҳамчунин аз гуфтаҳои президент Доналд Трамп ёдовар шуд, ки гуфтааст, агар дар ин муколамаҳо пешрафти ҷиддие ҳосил нашавад, эҳтимолан аз миёнҷигӣ дар ин гуфтугӯҳо даст мекашад.

Венс гуфт, «мо мехоҳем, ки русҳову украиниҳо бар асоси усулҳои асосӣ ба созиш бирасанд, то ки нишаста бо ҳам гуфтугӯ кунанд. Табиист, ки ИМА дар ин муколама бо хушнудӣ иштирок хоҳад кард, вале боз ҳам муҳим аст, ки русҳову украиниҳо ба гуфтугӯ шурӯъ кунанд. Ин як қадами калони баъдие шуда метавонад, ки мо хостори он ҳастем».

Президент Доналд Трамп дар сӯҳбат бо NBC изҳори умедворӣ кард, ки дастёбӣ ба созиши сулҳ ҳанӯз ҳам имконпазир аст ва ҳам ишора кард, ки тоқати ӯ дар ин масъала «тоқ мешавад». Ӯ гуфт, ки мавқеи ИМА «ба як ҷониби музокира наздиктар ва аз дигараш дуртар аст», вале нагуфт, манзураш кадоме аз ин кишварҳо аст.

Аз ин пеш узви сенат аз Каролинаи Ҷанубӣ Линдси Грем гуфт, ки беш аз 70 сенатор барои қабули тарҳи “таҳримҳои сангинтарин” зидди Русия дар сурати аз муколама даст кашидани он кишвар розӣ шудаанд. Таҳримҳо, аз ҷумла, метавонанд ҷорӣ кардани 500% тарруфаҳоро ба кишварҳое пешбинӣ кунанд, ки аз Русия нафту маҳсулоти нафтию гази табиӣ ва уран ворид мекунанд. Грем гуфт, агар Путин “Трампро бозӣ доронданӣ бошад”, хатои азиме мекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Зеленский пешниҳоди Путин дар бораи оташбаси серӯзаро рад кардИМА ва Украина созишномаи истихроҷи маъданро имзо карданд