Хадамоти амнияти Украина гуфт, як шабакаи ҷосусии маҷорӣ ё венгериро кашф намуд, ки дар минтақаи Закарпатйеи ҳаммарз бо Маҷористон (Венгрия) бо ҷамъоварии маълумоти ҳассоси ҳарбӣ ва ҳам омӯзиши афкори умум машғул шудааст. Дар Закарпатйеи Украина мардуми маҷоритабори зиёде ба сар мебаранд. СБУ ё Хадамоти амняти Украина рӯзи 9 май гуфт, ки ду ҷосуси маҷориро, ки барои Хадамоти ҷосусии Венгрия кор мекардаанд, боздошт намуданд. СБУ гуфт, ин бори аввал аст, ки як чунин шабакаи ҷосусии венгериро кашфу ошкор мекунанд.
Чанд соат баъди нашри ин хабар вазорати корҳои хориҷии Венгрия гуфт, ду дипломати украиниро аз Будапешт меронад, чун онҳоро ҷосуси пинҳонӣ арзёбӣ мекунад. Бо нашри як навори видеоӣ дар Фейсбук Петер Сийярто, вазири корҳои хориҷии Венгрия гуфт, санади ихроҷи дипломатҳоро ба дасти сафири Украина супурдааст.
Ин хабар дар пасманзари пуртаниш будани робитаҳои миёни Украина ва Венгрия нашр мешавад, чун нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан бо президенти Русия Владимир Путин муносибатҳои хуб барпо карда бо ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Русия дар робита бо ҷангаш дар Украина мухолифат кардааст. Назар ба кишварҳои дигари узви Иттиҳоди Аврупо ва НАТО, Маҷористон ба барномаҳои дифоии Киев пуштибонии камтаре нишон додааст.
Таҳаввулоти ахир инчунин вазъи Закарпатйеро боз ҳам мураккабтар мекунад, чунки ба бовари мунаққидони Кремлин, Русия дар талоши эҷоди ихтилоф миёни маҷоритаборҳои украина ва мақомоти Киев мебошад.
Дар изҳороти мақомоти амниятии Украина омадааст, ки шабакаи ҷосусии эҳтимолӣ “бо ҷамъоварии маълумот дар бораи соҳаи дифои низомии вилояти Закарпатйе, ҷустуҷӯи маконҳои заъфпазир дар он макон ва ҳам дар соҳаи дифои ҳавоии вилоят ва ҳам омӯзиши мавқеи иҷтимоию сиёсии сокинони маҳаллӣ машғул будааст”. Яке аз масоили мавриди таваҷҷӯҳи ин шабака ба вокуниши эҳтимолии сокинони маҳаллӣ ба эҳтимоли вориди минтақа шудани нирӯҳо аз Венгрия будааст, мегӯяд СБУ.
Дафтари нахуствазири Венгрия ва Вазорати дифои ин кишвар ҳанӯз ба муроҷиати Радиои Озодӣ барои шарҳи ин хабар посухе надоданд. Вазири корҳои хориҷии Венгрия Петер Сийярто дар сӯҳбат бо ATV гуфт, ҳанӯз мақомоти ин кишвар ҳеҷ иттилои расмие аз Украина дарёфт накардаанд. “Ин чиз бояд чун як таблиғот қабул ва боэҳтиёт таҳқиқ шавад”, гуфт Сийярто.
Минтақаи Закарпатйе баъди асрҳо таҳти назорати Венгрия ва Императории Австрияву Венгрия буданаш, дар паи Ҷанги Якуми Ҷаҳон ба қаламрави Чехословакия дохил карда шуд. Венгрия, ки муттафиқи Олмони нозӣ буд, соли 1939 талош кард дубора ин қаламравро азхуд кунад. Баъди мағлубияти Олмон дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, Закарпатйе ба ихтиёри Иттиҳоди Шӯравӣ гузашт ва онро бахше аз Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Украина карданд.
Як таҳқиқи журналистии тарҳи “Схеми” (марбут ба бахши украинии Радиои Озодӣ) ва гурӯҳи журналистони Аврупои Марказӣ маълум кард, ки солҳои 2011 то 2020 ҳукумати Венгрия ба минтақаи Закарпатйе дастикам 115 миллион евро маблағ додааст. Ин маблағ тахминан якуним баробар аз будҷаи минтақаи Закарпатйе бештар мебошад.