Трамп: Ҳар кишваре аз Эрон нафт бихарад, таҳрим хоҳад шуд

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико.

Раисҷумҳури Амрико ҳушдор дод, ҳар кишваре ё шахсе аз Эрон нафт бихарад, таҳрим хоҳад шуд ва наметавонад бо Иёлоти Муттаҳида тиҷорат кунад. Ҳушдори Доналд Трамп пас аз он нашр шуд, ки музокироти барномарезишуда барои ҳаллу фасли барномаи ҳастаии Эрон дар рӯзи шанбе, ба таъхир афтод.

Президенти Трамп рӯзи ҷумъа дар "Truth Social"-и худ навишт, "ҳама хариди нафт ё маҳсулоти петрохимиявии Эрон бояд ҳамин ҳоло қатъ шавад". Ӯ афзуд, "ҳар кишваре ё шахсе, ки ҳар миқдор нафт ё маҳсулоти петрохимиявӣ аз Эрон харидорӣ кунад, фавран шомили таҳримҳо хоҳад шуд ва ба ҳеч ваҷҳ ва ҳеч шакле наметавонад бо ИМА тиҷорат кунад".

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", маълум нест президенти Амрико қарор аст чигуна ин мамнуиятро амалӣ кунад. Ӯ пештар низ таҳдид карда буд, ки алайҳи кишварҳое, ки аз Эрон нафт ворид кунанд, таҳримҳои дигар ҷорӣ хоҳад кард.

Ҳушдори Трамп хатари афзоиши танишҳо бо Чинро дар пай дорад, ки муштарии асосии нафти Эрон аст. Он ҳам дар замоне, ки робитаҳои ду кишвар бинобар ҷанги таърифаҳои дуҷониба, печидатар шудааст.

Раисҷумҳури Амрико таърифа ё боҷи гумрукии 145-дарсадӣ бар молу колоҳои Чин ҷорӣ кардааст, то ҳам даромадҳои Амрикоро афзоиш диҳад ва ҳам сатҳи тиҷорат бо Чинро кам кунад.

Таҳдиди Трамп соате пас аз он сурат гирифт, ки кишвари арабии Умон эълон кард, музокироти ҳастаии барномарезишуда барои 3 май байни Эрон ва Амрико, ба таъхир афтодааст.

Бадр Ал-Бусаъийдӣ, вазири корҳои хориҷии Умон бо нашри ин матлаб дар шабакаи Х навишт, "мо бинобар сабабҳои логистикӣ дар ҳоли барномарезии нишасти Амрико ва Эрон ҳастем. Замони нав дар сурати созиши дуҷониба, эълон хоҳад шуд".

Вазири корҳои хориҷии Умон, ки то кунун се давр аз гуфтугӯҳоро миёнаравӣ кардааст, ҷузъиёти бештаре ироа накард.

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон низ, сабаби ба таъхир афтодани ин музокиротро "фаннӣ" гуфт.

Гуфтугӯҳо байни ду кишвар аввали моҳи апрел оғоз шуд ва ҳайати Эронро дар ин музокирот вазири хориҷии Ҷумҳурии исломӣ Аббос Ароқчӣ ва ҷониби Амрикоро фиристодаи вижаи он кишвар дар умури Ховари Миёна Стив Виткофф, раҳбарӣ мекунанд.

Раисҷумҳури Амрико борҳо таҳдид кардааст, ки дар сурати даст наёфтан ба созиш, Эрон бамборон хоҳад шуд. Аммо ҳамчунин ишора кардааст, ки созиш бе бамборон ба даст хоҳад омад.