Талаби Миронов аз додситони Русия: додани хона ба муҳоҷирони собиқро санҷед

Сергей Миронов дар гузашта ҳам алайҳи муҳоҷирон борҳо садо баланд кардааст

Сергей Миронов, раиси ҳизби "Русияи одил" аз додситони кулли ин кишвар хостааст, ки додани хона ба "шаҳрвандони нав"-и Русия санҷида шавад.

Ба гузориши ТАСС, Миронов дар номааш ба додситони кулли Русия навиштааст, вақтҳои ахир ҳолатҳое зиёд шудааст, ки шаҳрвандони нави Русия ғайриқонунӣ соҳиби хона ё маблағи хариди хона мешаванд.

"Раванди нигаронкунанда аст, ки сокинони бумии кишвар дар канор гузошта шуда, ба муҳоҷирони собиқ манзил медиҳанд,"-навиштааст Миронов, аммо далеле барои исботи гуфтааш наовардааст.

Мавзӯи додани хона ба шаҳрвандони нави Русия имсол чанд маротиба садо дод. Азҷумла додани манзил ба оилаи Акрам Масаидов, зодаи Тоҷикистон, ки чор фарзанд дорад, дар шаҳри Качканари вилояти Свердлов хашми миллатгароёнро барангехт.

Ҳамчунин дар нимаи моҳи январи имсол дар шаҳри Митиши, наздикии Маскав, ба зодаи Тоҷикистон – Таҳмина Самадова – манзили зист тақдим карданд. Дертар мақомоти Русия зери фишори ҷомеа манзилро аз ин оилаи серфарзанд гирифта, онҳоро ба тақаллуб муттаҳам карданд.

Намунаи ахираш Кумитаи тафтишотии Тотористон моҳи март эълон кард, ки тақдими хона ба як оилаи муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Нижнекамскро таҳқиқ мекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Ба муҳоҷирон хона тақсим мекунем?" Моҷарои оилаи дигари тоҷик дар Русия