Таъхир дар парвозҳо ба Русия муҳоҷиронро сарсон кард

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар пайи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба шаҳри Маскав, дар ду рӯзи охир се фурудгоҳи асосии пойтахти Русия қабул ва парвози ҳавопаймоҳоро муваққатан боздоштанд. Анҷумани ширкатҳои ҳавопаймоии Русия гуфт, ки маҳдудияти парвоз сафари 60 ҳазор мусофирро халалдор кардааст.