Путин: "Сноуден вориди Русия нашудааст, дар фурудгоҳ аст"
Амрико аз Русия даьват кардааст, собиқ корманди қарордодии хадамоти истихборот Эдвард Сноуденро аз қаламраваш берун кунад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи сешанбе ҳузури Сноуденро дар минтақаи транзитии фурудгоҳи Маскав таъйид, вале имкони ба Вашингтон додани ӯро рад кард. Путин гуфт, Сноуден амалан ба қаламрави Русия ворид нашудааст ва дар ин кишвар ҷинояте ҳам содир накардааст. Раисиҷумҳури Русия ҳамчун ёдовар шуд, ки ҳеҷ қарордоди истирдод байни Амрико ва Русия ҳам вуҷуд надорад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Путин дар бораи моҷарои Эдвард Сновден
Патрик Вентдрел, сухангӯи Кохи Сафед набудани ин гуна қарордод бо Русияро таъйид кард, аммо гуфт, Сноуден як фирориест, ки аз адолат мегурезад. Ӯ гуфт, «мо бо Путин мувофиқем, ки ин ҳодиса набояд ба равобити дуҷониба таъсири манфӣ расонад. Ҳарчанд мо бо Русия қарордоди истирдод надорем ва интизор ҳам надорем, ки ҷаноби Сноуден ба таври расмӣ истирдод шавад, вале ба назари мо, асос барои ҳамкории ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ҷиҳати берун кардани Сноуден бар пояи иттиҳоми алайҳи ӯ ва мақоми асноди сафари ӯ вуҷуд дорад.»
Вентрелл нагуфт, ки агар Маскав ба хориҷ шудани Сноуден иҷозат бидиҳад, вокуниши Вашингтон ба ин ҳаракат чигуна хоҳад буд.
Қаблан вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ аз Маскав даъват кард, ки аз оромӣ кор бигирад ва Сноуденро таслим кунад. Ӯ гуфт, ки Вашингтон дар пайи ихтилоф нест.
Дар Вашингтон сенатор Ҷон МакКейн, яке аз мунтақидони Барак Обама, раисиҷумҳури Амрикоро ба нотавонӣ муттаҳам кард ва аз маъмурияти Обама хост, ки равобиташ бо Маскавро бознигарӣ кунад.
Владимир Путин ин иттиҳомро, ки Маскав дар ин қазияи қазия рафтори номуносиб дорад, рад кард. Путин гуфт, «ҳамагуна иттиҳомот алайҳи Русия ҳарзае беш нест. Ӯ ҳамчун мусофири транзитӣ дар минтақаи транзитӣ аст.»
Эдвард Сноуден ахиран ҷузъиёти барномаҳои махфии таҷассусӣ ва ё назоратии Амрикоро фош кард, ки ҷамъоварии маълумот аз Интернет ва шунидани гуфтугӯҳои телефонии шаҳрвандон дар худи Ийолоти Муттҳаида ва хориҷ аз онро бар мегирад. Маъмурияти Обама гуфтааст, ки ин барнома бо ризоияти Конгрес сва мақомоти адлия амалӣ мешуд ва бо кумаки он аз беш аз 50 қасди террористӣ ҷилавгирӣ шудааст.