Маросим бо иштироки аъзои ҳукумат, намояндагони корпуси дипломатӣ, пойгоҳи 201-уми низомии Русия, собиқадорони ҷангу меҳнат барпо шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии табрикиаш ба саҳми ҷидди мардуми Тоҷикистон дар дастёбӣ ба ғалабаи умумӣ дар он ҷанг таъкид намуд.
“Барои расидан ба ин пирӯзӣ дар баробари дигар миллатҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, мардону занони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми муассиру сазовор гузоштаанд, - гуфт президент. - Зеро аз якуним миллион нафар аҳолии Тоҷикистон дар он замон зиёда аз 300 ҳазор нафар ба майдони набард сафарбар шуданд, ки 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати кишварро ташкил медод. Беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо қурбон шуда, зиёда аз 40 ҳазор беному нишон гардиданд ва 60 ҳазор нафари дигар аз ҷанг бо маъюбият баргаштанд”.
Паради ҳарбӣ дар Боғи ғалабаи Душанбе. 8 май
Раҳмон таъкид кард, ки барои ҷонбозиҳо дар ин ҷанг 58 ҳазор нафар афсарону сарбозони тоҷик ба ордену медалҳо ва 55 нафар барои мардонагӣ ва шуҷоат ба унвони баланди «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» сазовор дониста шуданд. Бо таъкид ба нақши Тоҷикистон ӯ гуфт, дар ақибгоҳ низ аҳолии Тоҷикистон дар таъмини ғалаба саҳми бесобиқа гузоштааст.
“Солҳои ҷанг зиёда аз 100 ҳазор нафар – асосан занону кӯдакон – аз минтақаҳои гуногуни ҷангзада ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд ва ҷумҳурии мо барои онҳо хонаи дуюм гардид. Мардуми мо онҳоро бегона нашумориданд, барояшон манзили зист, хӯроку сару либос муҳайё карданд ва аксари онҳоро ба камол расониданд”.
Таъкиди президенти Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомот дар Русия солҳои охир дар таблиғоти давлатӣ ба нақши усуливу инфиродии ин кишвар дар пирӯзӣ дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон таъкид мекунанд.
Саҳми дигар мардумони Иттиҳоди Шӯравӣ дар он ҷанг дар баёни таблиғоти давлатии Маскав камранг гардидааст.
Таърихнигорон таъкид мекунанд, ки дар гирдоби Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, ки аз замони ҳуҷуми Олмони нозӣ ба хоки Полша ё Лаҳистон дар таърихи 1 сентябри соли 1939 шурӯъ шуда, бо таслими Ҷопон дар санаи 2 сентябри соли 1945 хотима ёфт, даҳҳо давлати ҷаҳон кашида шуданд ва дар маҷмӯъ ин ҷанг беш аз 50 миллион нафарро қурбон кард.
Талафоти сангинтарини ҷанг – 20 миллион нафарро мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ дидааст.
Аз ин рӯ, ба бовари муҳаққиқони таърих, бо ин ки нақши СССР дар торумор кардани режими нозӣ бисёр муҳим аст, давлатҳои дигар, аз ҷумла ИМА ва Бритониё ба унвони кишварҳои эътилофи зиддифашистӣ дар хатми ҷанги пурфоҷеаи қарни 20 саҳми ҷиддие гузоштаанд.