Аз субҳи 8 май оташбаси серӯзаи эълонкардаи президенти Русия Владимир Путин ба иҷро даромад. Дар фазои шаҳрҳои азими Украина имрӯз вазъ ором аст, дар ҳоле, ки шабҳои гузашта ҳуҷумҳои азими бераҳмонаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳои баллистикӣ мушоҳида мешуд.
Нирӯҳои ҳавоии Украина гуфтанд, ки шабона ҳеҷ як ҳамлаи мушак ё паҳпод дар Украина ба қайд гирифта нашуд, вале ҳавопаймоҳои русӣ бомбаҳои идорашавандаро дар вилояти Сумии шимоли Украина партоб карданд. Дар бораи эҳтимоли тахриб шудани биноҳо ваё талафоти ҷонӣ хабаре ба даст наомадааст.
Додситонии вилояти Донетск гуфт, як соат пеш аз шурӯи оташбас дар деҳаи Константиновка бомбае ба як бинои истиқоматӣ расид. Дар натиҷа, се бинои серхона ва фурӯшгоҳе осеб дида, на камтар аз 12 сокини мулки маҷрӯҳ шудаанд.
Маълум нест, ки оё дар ҷабҳа ҳам оташбас амал мекунад ё на, вале ба навиштаи Reuters, субҳи соати 8-и рӯз дар хати ҷанг садои оташ ба гӯш намерасид.
Дар баъзе вилоятҳои Русия бонги хатар садо дода, фурудгоҳҳо баста шудаанд. Дар Липетск таркише рух дод, эҳтимолан як паҳподро безарар гардонидаанд.
Ҳафтаи ҷорӣ дар посух ба ҳамла ба шаҳрҳои азими Украина парвози зиёди ҳавопаймоҳои бесарнишин дар фазои Маскав мушоҳида шуд. Фурудгоҳҳои пойтахти Русия баста шуд, парвозҳои ҳавопаймоҳо ҳам боздошта шудаанд. Рӯзҳои 6-7 май кори фурудгоҳҳои Шереметево, Внуково, Домодедово ва Жуковский хеле маҳдуд шуд.
Анҷумани ширкатҳои ҳавопаймоии Русия гуфт, ки маҳдудияти парвоз ҳадди аққал 60 ҳазор мусофирро фаро гирифтааст.
Президенти Украина Владимир Зеленский дар шарҳи фалаҷ шудани кори фурудгоҳҳои Маскав ва дигар минтақаҳои Русия гуфт, «ин ки осмони Русия, як кишвари таҷовузгар ҳам имрӯз ноором аст, як кори бисёр одилона мебошад». Зеленский гуфт, пешниҳоди Украина барои оташбаси сирӯза ҳамоно пойбарҷо аст.