Муфтии, акнун собиқи, мусулмонони Қирғизистон Ҳоҷӣ Раҳматуллоҳ Эгамбердиев ду ҳафтаи охир талош дошт, арзи худро ба раисиҷумҳур Алмосбек Атамбоев расонад, вале, зоҳиран, аз ҷониби ӯ пазируфта нашуд ва рӯзи 7-уми январ бо хоҳиши худ аз мақомаш даст кашид.
Як рӯз пеш аз ин ариза вай дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Бахши қирғизии Радиои Озодӣ номи афродеро ба забон овард, ки бо нашри як видео ӯро беобрӯ карданд ва ҳадафашон , ба гуфтаи ӯ, ин буд, ки раисиҷумҳур муфтиро аз мақомаш сабукдӯш намояд. Вай дар навбати аввал аз раиси Кумиссияи давлатии умури дин Абдулатиф Ҷумъабоев ном бурд. “Ин шахс муддатест, ба ман фишор меовард, то масъалаи ташкили сафари ҳаҷро зери назорат гирад,” – мегӯяд муфтии мусулмонони Қирғизистон Ҳоҷӣ Раҳматуллоҳ Эгамбердиев ва илова мекунад, ки то имрӯз ба хотири суботу оромӣ нахостааст, “бозиҳои пасипардагӣ”-и мансабдорони давлатиро фош кунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Видеои ҷанҷолӣ сари муфтиро "хӯрд"
Дар ин мусоҳибаи ихтисосӣ муфтӣ Эгамбердиев гуфт, видеои шармсоркунандаи ӯро раиси Кумиссияи давлатии умури дин Абдулатиф Ҷумъабоев созмон дода ва дар интернет нашр кардааст. Вай афзуд, Ҷумъабоев чандин бор аз ӯ хостааст, ташкили бахше аз сафари ҳаҷро ба зиммааш гузорад, вале посухи рад гирифтааст. Ба ақидаи муфтӣ, мақомоти давлатӣ бар инанд, ки муфтиёт ҳар сол 5-6 миллион доллари ҳаҷро пинҳон медорад. Муфтӣ мегӯяд, вай ташкили ин сафарро ба гунаи шаффоф танзим кард ва ҳар сол барои он 9 миллион доллар сарф шуда, аз он 500 000 долларро муфтиёт мегирад.
Ташкили сафари зоирони Каъба, ки яке аз фароизи Исломӣ буда, ҳар мусулмони қодир бояд як бор дар умраш онро анҷом диҳад, дар Қирғизистон ба таври комил дар ихтиёри Муфтиёти ин кишвар аст ва муфтиро Шӯрои уламои кишвар иборат аз 35 рӯҳонии бонуфуз интихоб мекунанд.
Ба ақидаи Ҳоҷӣ Раҳматуллоҳ Эгамбердиев, мушовири раисиҷумҳури Қирғизистон Абдушукур Норматов ва ноиби раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ Икром Илмиёнов низ аз талошҳои Ҷумъабоев барои барканории муфтӣ ҳимоят кардаанд. Дар ин мусоҳиба, муфтӣ гуфт, Илмиёнов аз ӯ хостааст, ҳамаи сафари ҳаҷро бар зиммаи як ширкати ҳавонавардӣ вогузор кунад, аммо ин ширкат дар озмуни шаффофи муддаиён ҳузур надоштааст. “Онҳо муфтии собиқро низ барои итоат накарданаш ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданд ва барканор карданд.”