Кумитаи сармоягузорӣ биноҳои ду бонки муфлисшударо ба савдо гузошт

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон бинои филиалҳои “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодироткбонк”, ду бонки муфлисшударо ба савдо гузоштааст. Тибқи иттилои ин ниҳод, музояда барои харидани ин биноҳо рӯзҳои 16 ва 21-уми май баргузор мешавад.

Тибқи иттилои дарёфткардаи Радиои Озодӣ, идораҳои “Тоҷиксодиротбонк” дар ноҳияҳои Муъминобод, Ашт ва шаҳри Турсунзода ба фурӯш гузошта шудаанд. Нархи аввали ин биноҳо аз 2 то 4 миллион сомонӣ таъин шудааст.

Биноҳои “Агроинвестбонк” дар ноҳияи Панҷ 1,8 ва дар Қубодиён бошад 3,7 миллион сомонӣ нархгузорӣ шудаанд. Аз рӯи тартиби музояда, биноҳо ба касе фурӯхта мешаванд, ки нархи баландтар пешниҳод кунад.

Намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ нагуфтаанд, ки чанд кас барои харидани биноҳои ду бонки муфлисшуда довталаб шудаанд. Баъди соли 2017 чор бонки калони кишвар "Тоҷпромбонк", "Фононбонк", "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк", муфлис шуданд.

Аз ин миён танҳо "Фононбонк" амонати мизоҷонашро пардохт ва муштариёни се бонки дигар то ҳол наметавонанд пулҳои худро аз бонкҳо бозпас бигиранд.

Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон борҳо ваъда додаанд, ки аз ҳисоби фурӯши амволи бонкҳои муфлисшуда маблағи мардум бозпас дода мешавад. Муштариён то ҳол нигарони амонатҳои гузоштаашон ҳастанд.