"Истиқлол" аз Амрико. Изҳороти Мертс баъди пирӯзӣ дар Олмон

Фридрих Мертс

Фридрих Мертс, ки садри аъзами ояндаи Олмон меноманд, “истиқлол”-и амниятиро аз Амрико аз самтгириҳои ҳукумати нав донист.

Изҳороти ӯ рӯзи 23-юми феврал, баъд аз эълони пирӯзии Эътилофи марказу ростгарои демократҳои масеҳӣ ва муҳофизакор садо дод.

Мертс, ки дар гузашта ҷонибдори ашаддии НАТО буд, дар бораи ояндаи ин созмони низомӣ изҳори шубҳа кард. НАТО пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон такягоҳи ҳарбии Ғарб дониста мешуд.

“Барои ман тақвияти ҳарчи зудтар ва ҳадди имкони Аврупо дар авлавият аст, то қадам ба қадам ба истиқлол аз Иёлоти Муттаҳида даст ёбем,” – гуфт Фридрих Мертс.

Вай афзуд, дар робита бо он ки аз “Амрико чиро бояд интизор шуд”, барояш ҳама чиз маълум аст: “Баъд аз нашри изҳороти Доналд Трамп дар ҳафтаи гузашта, маълум аст, ки Амрико ба ояндаи Аврупо дар маҷмуъ бетафовут аст”.

“Мо дар охири моҳи июн бояд барои баргузории нишасти НАТО омода шавем ва барои ман ҷолиб аст, ки оё ҳанӯз ҳам дар бораи шакли имрӯзаи НАТО суҳбат мекунем ва ё дар фикри эҷоди ҳарчи зудтари тавонмандиҳои мустақилонаи дифоии Аврупо мешавем?” -- гуфт Мертс.

Эътилофи Мертс дар интихоботи рӯзи 23-юми феврал бо 28,5 дарсади овозҳо пешсаф шуд, вале ин ҳам барои таъсиси ҳукумат дар Олмон кофӣ нест.

Ҳамзамон дар бисёре аз гӯшаҳои Аврупо аз он изҳори қаноатмандӣ карданд, ки ҳизби ростгарои “Алтернатива барои Олмон” ё AfD ҳарчанд дар ҷойи дуюм қарор гирифт, ба ҳукумат роҳ намеёбад.

Ҳизби сотсиал-демократи садри аъзам Олаф Шолтс ва ҳизби Сабзҳо номзад барои эҷоди эътилоф бо Эътилофи марказу ростгарои демократҳои масеҳӣ ва муҳофизакор буда метавонанд.

Ҳизби Шолтс дар ин интихобот назар ба чор сол пеш 10 дарсад камтар овоз гирифтааст.