Вазири корҳои хориҷии Амрико Марко Рубио бо фармондеҳи артиши Покистон Осим Мунир ва вазири корҳои хориҷии он кишвар Исҳоқ Дор, суҳбатҳои ҷудогонаи телефонӣ доштааст. Ин тамосҳои телефонӣ дар ҳоле анҷом шуд, ки бомдоди 10 май артиши Покистон ба ҳамлаҳои Ҳинд, посух дод.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико бо нашри эъломияе гуфт, ки дар ин гуфтугӯ Вазири корҳои хориҷии ИМА аз тарафҳои даргир хост, то роҳҳоеро барои коҳиши таниш пайдо кунанд.
Ӯ пешниҳод кардааст, ки Амрико барои оғози музокироти созанда барои пешгирӣ аз даргириҳои оянда, метавонад кӯмак кунад.
Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор дар гуфтугӯ бо телевизиони покистонии GEO гуфтааст, "тӯб дар майдони Ҳинд аст" ва агар Деҳлӣ ба иқдомҳои низомӣ поён диҳад, Покистон дар бораи сулҳ фикр хоҳад кард.
Исҳоқ Дор ба ҳамтои амрикоии худ гуфтааст, "ҷанг авлавияти мо нест ва мо воқеан хоҳони сулҳ ҳастем, аммо бе бартариталабии ҳеч кишваре".
Вазири корҳои хориҷии Покистон дар идома гуфтааст, ки гуфтугӯҳояш бо раҳбарони ҷаҳон, аз ҷумла, Марко Рубио ва дипломати баландпояи арабистонӣ Одил Ал-Ҷубайр, "мусбат" буд ва умедвор аст музокирот бо Ҳинд оғоз шавад.
Пас аз ҳамлаи рӯзи 22 апрел дар Кашмири зери назорати Ҳинд, ки боиси кушта шудани 26 сайёҳи ҳиндӣ шуд, Деҳлӣ рӯзи 7 май эълон кард, ки "ҳамлаҳои дақиқ"-ро алайҳи "террористҳо" анҷом додааст.
Ҳинд пештар гуфта буд, ки ду нафар аз гумонзадҳои ин ҳамла, шаҳрвандони Покистон ҳастанд, аммо ҳеҷ далел ва санади дақиқе пешниҳод накардааст. Покистон ҳар гуна иртибот бо ин ҳодисаро рад кард.