Субҳи 8 май дар минтақаҳои шимолу-шарқи шаҳри Душанбе зилзила рух дод. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо истинод ба Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гуфт, рӯзи 8-уми май соати 07:55 дақиқа дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза дар 168 километрии шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 26-километрии шарқи ноҳияи Рашт ва 23-километрии шарқи ноҳияи Тоҷикобод мушоҳида шудааст.
Бино ба маълумоти манбаъ, қувваи заминларза дар марказаш 4 балл, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 2-3 баллро ташкил додааст. Дар ин зилзила талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар сабт нашудааст.
Ин ҳодиса дар ҳолест, ки сокинони Рашт ҳанӯз бо оқибатҳои зилзилаи офатбори 13 апрел даст ба гиребон ҳастанд. Он он зилзила як кас ҷон бохта шонздаҳ нафар маҷруҳ шуданд.
Бино ба омори нав, дар ин ду ноҳия 65 хона пурра ва 193 хона қисман вайрон шуда, ба 150 манзили дигар осеби сабук расидааст.