Мақомоти Русия мегӯянд, ҳамлаи паҳбодии шабонаи Украина ба Маскав боиси қатъи фаъолияти се фурудгоҳи аслии пойтахт барои чанд соат шуд.
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав субҳи 6 май бо нашри чанд паём дар "Телеграм" эълон кард, ки дастикам 19 паҳбоди украинӣ дар наздикии Маскав раҳгирӣ ва аз байн бурда шуданд.
Ӯ афзуд, ки тибқи гузоришҳои ибтидоӣ, ҳеч хисорот ё ҷароҳати ҷиддӣ" дар маҳали сарнагунии боқимондаҳои ин паҳбодҳо дар наздикии яке аз шоҳроҳҳои аслӣ ба самти Маскав, ба қайд гирифта нашудааст.
Созмони назорати ҳавонавардии Русия дар "Телеграм" эълон кард, парвозҳо дар чаҳор фурудгоҳи Маскав, ба шумули "Внуково", "Домодедово", "Шереметово" ва "Жуковский", барои итминон аз бехатарии ҳавопаймоҳо, мутаваққиф шудааст. Ин ниҳод баъдан эълон кард, ки парвозҳо дар ҳар чаҳор фурудгоҳ дигарбора аз сар гирифта шуданд.
Киев ҳанӯз дар бораи ин ҳамлаи паҳбодӣ изҳори назаре накардааст, аммо мақомоти украинӣ пеш аз ин, вуқуи чунин ҳамлаҳо бо ҳадафи зарба задан ба аҳдофи низомии Русияро тасдиқ карда, онҳоро посухе ба ҳамлаҳои давомдори Русия ба минтақаҳои истиқоматӣ ва зерсохтҳои энержии Украина, донистаанд.
Мақомоти Русия рузи 5-уми май ҳам аз раҳгирӣ ва сарнагунии паҳбодҳои Украина хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, чандин паҳбод дар минтақаи Подолски Маскав ва ҳамчунин дар вилоятҳои Брянск ва Калуга, сарнагун карда шуданд.