Дар Душанбе мусобиқаи "Шоми бокс" доир мегардад

Баҳодур Усмонов. Акс аз бойгонӣ

Мусобиқаи муштзанҳои касбӣ бо номи «Шоми бокс» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23-юми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар рақобати асосӣ, ки аз 10 раунд иборат аст, Баҳодур Усмонов (9-0) аз Тоҷикистон ва Алберт Пагара (35-1) аз Филиппин барои дарёфти камарбанди қаҳрамонии WBA Gold дар вазни сабук мубориза мебаранд.

Усмонов дар охирин қувваозмоии худ моҳи марти соли 2025 дар Екатеринбург бар Нодирбек Соибови узбекистонӣ, ки пас аз даври сеюм аз идомаи мубориза даст кашид, пирӯзӣ ба даст оварда буд.

Пагара бошад, дар охирин набарди худ моҳи июни соли 2024 дар Чин муқобили муштзани чинӣ Акетелиади Келетжан ғолиб шуда буд.

Муштзани ҳаваскор ва касбии тоҷик Баҳодур Усмонов 21-уми декабри соли 1997 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Вай дар вазнҳои сабук ва якуми миёна рақобат мекунад.

Вай узви дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон, иштироккунандаи Бозиҳои олимпии соли 2020, дорандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон (2023), қаҳрамони Осиё (2019), барандаи медалҳои биринҷии қаҳрамонии Осиё (2021, 2022) мебошад.

Усмонов дар вазни сабук миёни муштзанҳои тоҷик аввалин шуда ба қатори 65 варзишгари беҳтарини ҷаҳон шомил шудааст.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи “Шоми бокс” (IBA Champions Night”), ки 27-уми октябри соли 2023 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир гардид, Баҳодур Усмонов дар қувваозмоии асосӣ ба рақибаш аз Тайланд Сопатип Манап дар раунди сеюм бо нокаути техникӣ ё фаннӣ дастболо шуда, бори аввал соҳиби камарбанди “WBO World Youth” гардид.

Зимнан Баҳодур дар бокси ҳирфаӣ 9 ғалаба ба даст оварда, то ҳоло мағлуб нашудааст.

Ҳамчунин дар “Шоми бокс” дар Душанбе ҷоизадори Бозиҳои олимпии Порис -2024 ва қаҳрамони Бозиҳои 19-уми осиёӣ Давлат Болтаев (5-0) аз Тоҷикистон бо Мвого Амугу аз Камерун рақобат хоҳад кард.

Қаҳрамони Осиё дар вазни сабук Акмал Убайдов (6-0) аз Тоҷикистон бо Ержан Залилов (11-2) аз Қазоқистон вориди рақобат хоҳад шуд.

Қаҳрамони дукаратаи Русия, иштироккунандаи қаҳрамонии ҷаҳон Евгений Кул дар бокси ҳирфаӣ бори аввал ба рақобат мепардозад. Рақиби Евгений дар вазни 67 кило Фариозбек Ҳакимов (3-2) аз Узбекистон хоҳад буд.

Рақобати ҷавобӣ дар вазни нимамиёна байни Максим Черничук (8-0-1) аз Русия ва Майкл Кинг (6-3-1) аз Люксембург баргузор мешавад. Рақобати ҳарду моҳи феврали соли равон бо пирӯзии Черничук хотима ёфта буд.

Муштани русиягӣ Басир Абакаров (11-0) бо Ҳалимҷон Мамасолиев (2-0) аз Узбекистон рақобат мекунад.