Баъзе сокинони шаҳри Исфара дар шимоли Тоҷикистон мегӯянд, омӯзгорон дар вақти гардиши хона ба хона, аз онҳо забонхат гирифтаанд, ки фарзандонашонро аз чанд кор манъ кунанд.
Аз ҷумла, аз волидайн талаб шудааст, ки фарзандони мактабхонашонро аз рафтан "ба таълимоти динии ғайрирасмӣ, рафтан ба масҷиди панҷвақта ва намози ҷумъа", боздоранд.
Қонуни масъулияти падару модар ҳам рафтани наврасони то синни 18-ро ба масҷид манъ мекунад. Инчунин падару модарон муваззаф шудаанд, ки баъди соати 18 ба писаронашон иҷозаи баромадан аз хона надиҳанд. Ба шахсони шубҳанок ва бегона иртибот надоштан ва ба мактаб наовардани телефони мобилӣ, аз талабҳои дигар аз волидайн будааст.
Як сокини деҳаи Наймани шаҳри Исфара нусхаи ин забонхатро ба Радиои Озодӣ фиристода гуфт, аз онҳо талаб шудааст, ки зери ин забонхат имзо гузоранд. Дар сурати иҷро накардани ин дархостҳо, волидайн бар асоси қонуни масъулияти падару модар муҷозот мешудаанд.
Намояндагони идораи маорифи шаҳри Исфара нахостанд дар ин бора сӯҳбат кунанд. Ҳакима Атохонзода, сардори Раёсати маорифи Исфара дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "умуман инхел гап нест" ва гӯширо гузошт.
Ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон яке аз масъалаҳои нигаронкунанда барои мақомоти Тоҷикистон мебошад. Аммо маълум нест, ки бо усули "гардиши хона ба хона", ва забонхат гирифтан аз волидайн, то куҷо ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон метавонад коҳиш ёбад.