Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, дар паи боздиди ғайриногаҳонии вазир Раҳим Саидзода ба чанд муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Ҳисор ҳолати риққатбори мактабҳо, ҳузури нокофии шогирдон дар дарсҳо, корношоямии мизу курсиҳо дар синфхонаҳо ва дигар мушкилотро бармало кард. Дар бораи боздиди вазир дар санаи 5 май ба ноҳияи Ҳисор сомонаи Фейсбукии Вазорати маорифи Тоҷикистон хабар додааст.
Дар изҳороти вазорат, аз ҷумла, гуфта мешавад, ки “аз камтаваҷҷуҳӣ ва саҳлангории шуъбаи маориф ва директорони муассисаҳо корҳои таълимию тарбиявӣ ва ободонӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашуда, интизоми меҳнат ва иштироки хонандагон дар дарс ба таври ҷиддӣ нигаронкунанда мебошанд”.
Ҳангоми боздиди аз пеш эълоннашудаи вазир дар мактаби рақами 29 мудир ва муовини мудир оид ба хоҷагидорӣ “бе сабабҳои узрнок” дар сари кор ҳузур надоштанд. Тахминан чил дар сади хонандагон дар дарс набуданд ва шогирдон танҳо нисфи китобҳои дарсиро ба синф оварда буданд, менависад вазорат.
“Аз шумораи 22 нафар хонанда, ягон нафар ба одитарин саволҳои пешниҳодшуда, аз ҷумла, муаррифии худ ба забонҳои русӣ ва англисӣ, муодилаҳои одӣ аз синфи 7 ва технологияи иттилоотӣ чист, ҷавоб гардонида натавонистанд», омадааст дар изҳорот.
Ҳоли хароби мактабҳои миёна дар Ҳисор
Интиқоди муҳими вазорат, инчунин ба шароити синфхонаҳо рабт дорад. “Ҳолати синфи мазкур ва дар умум, муассиса ба одитарин талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯй набудааст”, омадааст дар изҳороти вазорат.
Маълум нест маъмурияти ин мактаб ба интиқоди вазорат чӣ назар дорад.
Интиқод аз шароити мактабҳои Тоҷикистон, бахусус дар манотиқи дурдасту деҳот бисёр садо додааст ва мунтақидон гоҳо масъулони соҳаи маорифро барои таваҷҷӯҳи нокофӣ ба эҳтиёҷоти ин соҳа ва таъминоти нопурраи шогирдон бо китобу васоили дигари мактабӣ танқид мекунанд.
Соҳаи маорифро мақомоти ҳифзи қонун яке аз фасодзадатарин дар миёни дигар бахшҳо меноманд.