Ду мақомдори Исроил эълон карданд, ки ҳукумати ин кишвар тарҳи тасарруфи пурраи Навори Ғазза ва мондан дар ин минтақа барои муддати номуайянро, пазируфтааст.
Вазирони кобинаи Исроил субҳи душанбеи 5-уми май тарҳи тасарруфи Навори Ғаззаро тасвиб карданд. Ин лоиҳа пас аз он қабул шуд, ки фармондеҳи артиши Исроил гуфт, даҳҳо ҳазор сарбози захираро фаро хондааст.
Ба гуфтаи мақомоти исроилӣ, ҳадаф аз тарҳи нав, шикасти гуруҳи "Ҳамос" ва озод кардани гаравгонҳои боқимонда аст. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо "Ҳамос"-ро гурӯҳи террористӣ медонанд.
Тибқи иттилои ахир, 59 гаравгони исроилӣ дар дасти "Ҳамос" мондаанд ва гуфта мешавад, танҳо 24 тани онҳо зиндаанд. Сахтар шудани ҷанг дар Ғазза эҳтимол буҳрони инсонӣ дар ин минтақаро вазнинтар мекунад.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Ассошиэйтед Пресс аз қавли мақомоти исроилӣ гузориш додааст, ки тарҳи қабулкардаи ҳукумати Исроил, "тасарруфи Навори Ғазза ва мондан дар минтақа"-ро пешбинӣ мекунад.
Ин тарҳ ҳамчунон тақсими кӯмакҳои башардӯстона аз сӯи намояндагони "Ҳамос"-ро манъ мекунад. Исроил бовар дорад, ки ин кор ҳокимияти "Ҳамос"-ро дар Ғазза тақвият медиҳад.
Музокирот барои оташбас ва бозгардонии гаравгонҳо аз Навори Ғазза натиҷаи дилхоҳ надодааст.