Ду сокини ноҳияи Масчоҳ бо иттиҳоми қатли як ҳамкорашон дар шаҳри Конибодом, ба 30 солии зиндон маҳкум шуданд.
Наздиконашон ҳукмро ноодилона хонда мегӯянд, пайвандони онҳо зери шиканҷа гуноҳи нокардаро ба уҳда гирифтанд ва додрас ҳам онҳоро ба мурофиа роҳ надод. Беҳзодҷон Холзода ва Муслиҳиддин Фахруддинов моҳи октябри соли 2024 бо иттиҳоми қатли Амрулло Боймирзоев боздошт шуданд.
Додгоҳи вилояти Суғд баъди қариб шаш моҳ баррасӣ ҳукми гумонбарон дар куштори Амрулло Боймирзоевро эълон кард. Ба ғайр аз ҷинояти куштор, Беҳзодҷон Холзода ва Муслиҳиддин Фахруддинов ҳамчунин ба роҳзанӣ ва содир кардани ҷиноятҳои ахлоқӣ низ гунаҳкор дониста шудаанд. Вале пайвандонашон аз ҳукм ва тарзи баргузории мурофиаҳо норозӣ ҳастанд.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Ин аз говсуд ҳам бадтар шуд.” Эълони ҳукми гумонбарони як куштор дар Конибодом
Гулхумор Атовуллоева, модари Муслиҳиддин Фахруддинов ба Радиои Озодӣ гуфт, ба онҳо иҷозаи ширкат дар мурофиаро надоданд. “Гуфтанд, ки суд пӯшида мегузарад. Мо аз ин кор тамоман норозием. Ин аз говсуд ҳам бадтар шуд. Инҳо "мо кардагӣ не" гуфта истодаанд. Худам ҳамроҳаш вохӯрдам. Қасам хурд, ки "очаҷон, шири шумо додагӣ кӯрам кунад", - гуфт модари Фахруддинов.
Намояндагони Додгоҳи вилояти Суғд ва ҳам додситонии вилоят дар ин бора расман шарҳе надодаанд. Маълум нест, ки ду сокини ноҳияи Мастчоҳ бар асоси кадом далелҳо ба куштори як ҳамкорашон гунаҳкор эълон шудаанд.
Файзулло Холов бо ҳамсараш Малоҳат Холова
Пештар волидайни Беҳзодҷон Холзода, гумонбари дигар дар ин куштор низ аз шиканҷа шудани фарзандашон дар идораи милисаи шаҳри Конибодом шикоят карда буданд. Муҳокимаи гумонбарон аввали моҳи декабри соли 2024 дар Хуҷанд шуруъ шуда буд. Додгоҳ то замони таҳқиқи иддао дар бораи шиканҷаи муттаҳамон ба ҷиноят, муҳокимаро боздошта буд.
Файзулло ва Малоҳат Холовҳо, волидони Беҳзодҷон Холзода чанд моҳ барои исботи бегуноҳии писарашон талош карданд, вале мегӯянд, ба натиҷае нарасиданд.
Малоҳат Холова, модари Беҳзодҷон Холзода ба Радиои Озодӣ гуфт, “латукӯб карда гуфтаанд, "ё кушторро ба гардан мегирӣ, ё мекушем". Ӯ гуфтааст, "Амрулло бародарам мешавад, ба ман некӣ кардааст, мо дар як ҷо калон шудаем". (Онҳоро) бисёр мезананд. Аз зӯрии дард маҷбур шудааст, ки ба дӯш гирад. Маҷбур кардаанд, ки ба коғазҳо имзо гузорад,”
Файзулло Холов, падари Беҳзодҷон Холзода даъво дорад, ки писараш аз тарс қасди ҷонаш кардааст, аммо ӯро ба беморхона бурданд. Назари мақомот ба ин ҳарфҳо маълум нест.
Амрулло Боймирзоев моҳи октябри соли 2024 куштанд
Куштори Амрулло Боймирзоев шаби 22 ба 23-юми октябри соли 2024 дар ҷамоати Патари Конибодом рух дод. Амрулло Боймирзоев, Беҳзодҷон Холзода ва Муслиҳиддин Фахруддинов дар корхонаи коркарди пахта дар ин шаҳр кор мекарданд. Онҳо дар як маҳаллаи ноҳияи Мастчоҳ бузург шуда, аз хурдсолӣ ҳамдигарро медонистаанд. Пайвандони Амрулло Боймирзоев дар бораи муносибат бо хонаводаҳои гумонбарон чизе намегӯянд. Наздикони боздоштшудагон мегӯянд, сабаберо барои куштор намебинанд.
Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар гузорише гуфт, Беҳзодҷон ва Муслиҳиддин “бинобар хусумати шахсӣ ба Амрулло Боймирзоев ва барои пул ин корро кардаанд”. Дар видеое, ки маълум нест таҳти чӣ шароит сабт шудааст, Беҳзодҷон Холзода ва Муслиҳиддин Фахруддинов куштори ҳамкорашонро эътироф мекунанд. Наздиконашон бовар доранд, ки ин иқрор таҳти шиканҷа ба даст омадааст.
Аз моҳи март то охири соли 2024 дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳри Конибодом зиёда аз бист нафар кушта шуданд ва ин ҳодисаҳо дар минтақа сару садои зиёде барпо кард. Бисёре аз пайвандони кушташудагон ва ҳам дастгиру зиндонишудаҳо мегӯянд, ки ҳодисаҳо ба ҳам монанд буданд.
Додситонии кул рӯзи 21-уми декабр гуфт, ки чор нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар кушторҳои пайиҳам дар Конибодом дастгир кард. Баъди ин эълон дигар ҳеч чизе дар бораи ҳодисаҳову гумонбарон нагуфтаанд.