Русия аз Кореяи Шимолӣ муҳоҷири корӣ ворид мекунад

Пхенян, 19 июни соли 2024. Президенти Русия Владимир Путин ва раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун созишномаи нави ҳамкорӣ имзо карданд

Кореяи Шимолӣ ба Русия 15 ҳазор муҳоҷири кориро фиристодааст. Дар ин бора 5 май бо такя ба идораи ҷосусии Кореяи Ҷанубӣ нашрияҳои The Wall Street Journal ва Reuters хабар доданд. Маълумоти омори Русия мегӯяд, шумори шаҳрвандони Кореяи Шимолӣ, ки соли гузашта ба хоки Русия ворид шудаанд, 12 баробар бештар назар ба соли 2023 будааст.

Аксари онҳо дар Шарқи Дур кор мекунанд. Бовар меравад, ки базудӣ онҳо дар шаҳрҳои калон ҳам ба кор ҷалб хоҳанд шуд. Кордиҳандагон дар Русия мегӯянд, коргарон аз Кореяи Шимолӣ барои кори 12-соатаи каммузд розӣ буда, барои шароити бади кор шикоят намекунанд.

Вазорати меҳнати Русия пешбинӣ кардааст, ки то соли 2030 камбуди нирӯи корӣ дар ин кишвар 2,4 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ҳоло ин камбудӣ 1,5 миллион нафар мебошад. Як сабаби ҷиддии ин камбудӣ дар сахттар шудани қонунҳои муҳоҷиратӣ корӣ, аз ҷумла барои тоҷикистониҳо мебошад. Баъди ҳамла ба толори “Крокус” моҳи марти соли 2024, фишору, таъқиб ва саркӯби муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ шеваи бераҳмонаву таҳқиромез касб кардааст.

Ҷалби коргарон аз Кореяи Шимолӣ ба Русия дар ҳоле бештар мешавад, ки бар асоси қарори Шӯрои амнияти СММ дар чаҳорчӯби таҳримҳои вобаста ба барномаи ҳастаии Пхенян ба кор қабул кардани муҳҷирони корӣ аз Кореяи Шимолӣ манъ мебошад.

Кореяи Шимолӣ дар баробари коргарон, ба Русия низомиён ва силоҳу аслиҳа ҳам мефиристад. Идораи ҷосусии Кореяи Ҷанубӣ мегӯяд, соли 2024 - 12 ҳазор низомии он кишвар ба Русия барои ширкат дар ҷанги зидди Украина рафтанд ва соли 2025 – 3 ҳазор нафари дигар ҳамроҳ шуданд. Аз миёни 4700 нафар талафоти низомии Кореяи Шимолӣ дар ин ҷанг, 600 нафарашон ҷон додаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Русия ҷалби сарбозони Кореяи Шимолиро ба ҷанги Украина тасдиқ кардЗеленский мегӯяд, ду сарбози чиниро дар Донетск асир гирифтанд