Собянин гуфт, чор паҳподро дар наздикиҳои Маскав безарар намуданд

Паёмадҳои паҳподи афтода дар деҳае дар наздикиҳои шаҳри Маскав. Марти соли 2025

Шаҳрдори пойтахти Русия дар бораи безарар намудани чаҳор паҳпод ё ҳавопаймои бидуни сарнишин, ки ба сӯи Маскав ҳаракат мекарданд, хабар додааст.

Сергей Собянин дар саҳифаи Телеграммаш навишт, ин паҳподҳоро шаби 5-уми май дар фазои минтақаи Подолск нобуд карданд.

Ба гуфтаи ӯ, талафот ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст. Вазорати дифои Русия ҳамчунин хабар дод, ки чаҳор дронро дар минтақаи Маскав сарнагун карданд.

Илова бар ин, ба гуфтаи ниҳоди мазкур, 17 ҳавопаймои бесарнишин дар болои вилояти Брянск ва панҷтои дигар дар вилояти Калуга сарнагун карда шудааст.

Ҳангоми ҳамла фурудгоҳҳои Маскав фаъолияташонро қатъ карданд. Украина дар бораи ин ҳамлаҳо изҳори назар накардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Шумораи ҷонбохтагони ҳамлаи Русия ба Киев ба 12 кас расидҲалокати 9 кас дар ҳамлаҳои густурдаи Русия ба УкраинаАртиши Русия ба чанд минтақаи Украина бо паҳпод ҳамла кардааст