Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу сафарашро ба Озарбойҷон ба таъхир гузошт. Қарор буд Нетаняҳу 7-уми май ба Озарбойҷон рафта, чор рӯз онҷо монад. Аммо дар пасманзари омодагӣ ба ҳуҷуми нави Исроил ба Навори Ғазза ва бад шудани робита бо Туркия, сафари Нетаняҳу ба қафо афтид.
Дафтари нахуствазири Исроил бегоҳи 3-юми май дар хабарномае навишт, "бо таваҷҷуҳ ба рӯйдодҳои навори Ғазза ва Сурия" ва "ба далели чорабиниҳои сиёсӣ" ин сафар ба вақти баъдтар гузошта шуд. Аммо санаи дақиқи сафари Нетаняҳу ба Озарбойҷон хабар дода нашудааст.
Шаби 3-юми май артиши Исроил ба чанд мавқеъ дар Сурия зарба задааст. Рӯзномаи The Times of Israel навишт, артиш ба иншоотҳои низомӣ, анбор ва маҷмааҳои мушакӣ ҳамла кардааст.
Дидбони ҳуқуқи башари Сурия мустақар дар Лондон хабар додааст, ки артиши Исроил ба 20 мавқеъ дар Сурия зарба задааст. Ин бузургтарин ҳамлаи Исроил ба Сурия дар соли 2025 гуфта мешавад.