Ғаффор Муҳсинзода дар ин бора охири моҳи ноябри имсол дар муҳокимаи порлумонӣ дар Маҷлиси Намояндагон гап задааст.
Мухтасари суҳбатҳои ӯро "Садои мардум", нашрияи расмии порлумон, чоп кард.
"Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бемории фарбеҳӣ мавҷуд буда, вақтҳои охир зиёд шудани он Ҳукумати кишварро нигарон кардааст," – навишт манбаъ.
Файзалӣ Аҳмадзода, муовини раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, дар ҳамин муҳокимаи порлумонӣ гуфтааст, ки фарбеҳӣ бештар дар байни занҳо паҳн шудааст, вале сабабҳои онро зикр накарда.
Қаблан Вазорати тандурустии Тоҷикистон пурхӯрӣ, камҳаракатӣ, тағйироти мубодилаи моддаҳо ва асабониятро аз омилҳои фарбеҳии мардум номбар карда буд.
Тоҷикистон аз то соли 2024 “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим"-ро қабул карда, барои татбиқи он қариб 8 миллион сомонӣ пешбинӣ кардааст. Аҳмадзода мегӯяд, “татбиқи барнома дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.”