Тобистон сипарӣ мешавад ва бархе рухсатии худро паси сар карданд ва иддае ҳам то кунун дар андешаанд, ки онро дар куҷо бигузаронанд.
Маъмулан дар чунин мавсим аксарият талош мекунанд ба рухсатӣ бираванд ва аз офтоби сӯзони шаҳр ҷое панаҳ бубаранд.
Аммо оё сокинони кишвар барои тобистони имсол чӣ нақша доранд? Қарор аст дар куҷо истироҳати худро пушти сар кунанд ва оё аслан мардум истироҳат хоҳанд кард ё на?
Бо пурсиши «Рухсатии худро дар куҷо мегузаронед», навобардори "Озодӣ" ба кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон баромад ва ҷӯёи ин посух шуд.
Бисёре аз пурсидашудагон мегӯянд, истироҳати худро дар хонавода ва дар ҳалқаи пайвандон мегузаронанд. Бархе ҳам рӯ ба деҳот меоранд ва бо белу каланд "дасту панҷа нам мекунанд".