Вазорати иқтисоди Тоҷикистон иттилои расонаҳо дар бораи 2 миллион тонна маводи нафтӣ пурсидани ин кишвар аз Русияро такзиб кард.
Зайниддин Маҳмудов, сарвари шӯъбаи равобит бо кишварҳои ИДМ-и вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, талаботи кишвар дар ҳоли ҳозир камтар аз 1 миллион тонна маводи нафтиро ташкил мекунад ва ҷумҳурӣ аз касе дархости кӯмак накардааст.
Ин мақоми тоҷик гуфт, айбномаҳо дар бораи содироти дубора ё худ реэкспорти бензин аз Тоҷикистон ба Афғонистон ҳам асосе надорад: «Ҷониби Русия эълом дошта буд, ки шумо реэкспорт - дигарбора содир мекунед. Ҳатто дар ҳамон давраҳое, ки маводи нафтӣ арзон буд, қимати он дар Афғонистон дар қиёс бо мо 20 -25 дарсад арзон буд.»
Зайниддин Маҳмудов афзуд, Афғонистон бар асоси тааҳудоти байнулмилалӣ умдатан аз Қазоқистон бо нархи аслӣ ва бидуни боҷи гумрукӣ маводи нафтӣ ворид мекунад. Сабаби дигари арзонии маводи нафтӣ дар Афғонистон, ба қавли Маҳмудов, дар ҳаҷми бузург харидорӣ кардани он будааст, ки тахфифи хуб ҳам дорад. Вай афзуд, Афғонистон дар оғози сол ва бо ҳамон нархҳои ҷорӣ маблағи ҳаҷми солонаи маводи нафтиро пешпардохт мекунад ва ин нархҳо то анҷоми сол тағйир намеёбанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба номи Афғонистону ба коми Тоҷикистон?- гузориши Фарҳоди Милод
Сарусадоҳо дар бораи дигарбора содир шудани маводи нафтӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳолест, ки қарор аст рӯзҳои наздик дар Маскав ҳайатҳои Русияву Тоҷикистон тавозуни индикативӣ ё худ ҳаҷми содироти сӯзишвории нафтӣ барои Тоҷикистонро баррасӣ кунанд. Яке аз далоили боло бурдани боҷи гумрукӣ барои маводи нафтӣ аз сӯи Русия ҳам, дар оғоз дигарбора содир шудани молаш ба Афғонистон аз сӯи ширкатҳои тоҷикӣ будааст.
Аммо Аҳмад Валӣ, яке аз тоҷирони афғон, ки бо тиҷорати маводи сӯхт машғул аст, мегӯяд, ширкатҳои тоҷикӣ дар содироти маводи нафтӣ ба Афғонистон саҳме надоранд: «Танҳо ширкатҳои афғонӣ имтиёз доранд. Ширкатҳои хориҷӣ наметавонанд мустақим ба Афғонистон маводи сӯхт содир кунанд. Ҳамааш бояд ба Афғонистон равад. Тоҷикон ҳам дар ин тиҷорат ҳастанд, аммо на барои Тоҷикистон, балки барои Афғонистон содир мекунанд.»