“Ин марказҳо ба тариқи фаврӣ ба муҳоҷирони кории ба Ватан баргашта барои дарёфти ҷои кор ва касбомӯзӣ хизматҳои равонию касбӣ ва машваратию ҳуқуқӣ мерасонанд”,-гуфта шудааст дар изҳороти Оҷонсии кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Назари мардум: "Муҳоҷирон саргардон шуданд..."
Ин дар ҳолест, ки танҳо баъди як ҳафтаи эълони ҳукми зиндони ду халабони ширкати русӣ дар Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа маъмурони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ҳудуди шаст муҳоҷири тоҷикро аз қаламрави ин кишвар ихроҷ кардаанд. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар Русия то кунун каме бештар аз 200 нафар муҳоҷири тоҷик боздошт шудаанд, вале ахиран хабарнигори “Озодӣ” дар пойтахти Русия гуфт, ки феълан наздики 400-450 муҳоҷири тоҷик боздошт ва нигаҳдорӣ мешаванд.
Бино бар қавонини Русия афроде, ки аз қаламрави ин кишвар ихроҷ мешаванд, ҳадди ақал аз се то панҷ сол иҷозаи сафар ба он кишварро нахоҳанд дошт. Аз ин рӯ, бештари муҳоҷироне, ки “депортатсия” шудаанд, мегӯянд, ки дар сурати ба Русия нарафтан, онҳо имкони таъмини зиндагии хонаводаашон дар кишварро нахоҳанд дошт.