Вазъи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия ҳамоно душвор аст.
Созмонҳои ҳуқуқи башари Тоҷикистон ва Русия дар як пажӯҳиш ба натиҷае расидаанд, ки муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар Русия ва Қазоқистон ҳамоно қурбонии қочоқи инсон ва истисмору ғуломдории навин мешаванд, ҳуқуқи онҳо аз тарафи корфармоҳои давлатӣ ва хусусӣ поймол мешавад ва онҳо аз ҳимояти ҳукумати худ маҳруманд.
Ин бори аввал аст, ки бо ташаббуси созмонҳои ғайридавлатӣ дар Машварати солонаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Варшава вазъ ва ҳуқуқи муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ дар Федерсиюни Русия баррасӣ шуд. Пажӯҳишро созмони Маркази Ҳуқуқи Башари Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо “Перспектива Плюс” ва “Мемориал”-и Русия таҳия кардааст.
ҚИССАҲОИ ҒАМАНГЕЗИ МУҲОҶИРОН
Дар арафи пахши ин гузориш видео-журналситони Радиои Озодӣ низ ба пажӯҳиши он пардохтанд ва бо аҳли хонадони муҳоҷирон, намояндагони ниҳдоҳои давлатӣ, порлумон, шаҳрвандони одӣ муроҷиат карданд, то воқеияти масъаларо рӯшан кунанд. Ин гузориши видеоиро бубинед:
Амодин Ғӯгаме: "Ба андешаи ман, нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия барои аксарият маълум аст, вале метавонам, дигарбора ёдовар шавам, ки мушкили аввал напардохтани музди кори муҳоҷирон аст. Масъалаи гирифтани музди кор барои муҳоҷирон печидатар мешавад, зеро миёнаравҳо ва ё ширкатҳои миёнарави зиёд аст, ки байни коргар ва кордиҳандаҳои воқеъӣ миёнаравӣ мекунанд ва пул ба дасти муҳоҷир намерасад. Яке аз мушкилоти аслӣ ҳамин аст. Дигар мушкили сахт ҳуқуқи иҷтимоиву фарҳангии муҳоҷирон ба мисли ҷойи иқомат, вазъи сиҳатии онҳост. Масъалаи дигари мояи нигаронии ҷиддии мо хушунат ва ё бегонаситезӣ алайҳи муҳоҷирони корӣ дар Русия аст."
КУШТОР, ЛАТУКӮБ, ТАҲҚИР ВА ТАВҲИНИ МИЛЛӢ
Пурсиш: Метавонед, роҷеъ ба ин масъалаи доғ, ки матбуоти Тоҷикистон ҳам доир ба он тақрибан ҳар ҳафта менависад, бештар бигӯед?
Амодин Ғӯгаме: "Бегонаситезӣ дар Русия рӯ ба афзоиш дорад ва бисёриҳо дар ин бора медонанд. Ва яке аз қазияҳое, ки мо дар гузориш зикр кардем, қазияи чаҳор бародари тоҷик аст, ки ба яке аз онҳо, дар боғе дар шаҳри Санкт Петербург сартарошидаҳои рус дарафтоданд ва ӯ бо кӯмаки бародаронаш аз чанголи онҳо халос шудааст. Вале маъмурони пулис яке аз бародарони ин муҳоҷирро боздошт карда ва бо иттиҳоми истифода аз хушунат алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва ҳеҷ коре барои муҳокима ва ҷазо додани скинхедҳо анҷом надодаанд. Ин танҳо як қазия аст ва аз ингуна қазияҳо зиёданд ва ин мушкилро на танҳо муҳоҷирони кории тоҷик, балки муҳоҷирони дигар кишварҳо низ доранд."
ТОҶИКИСТОН МУТАХАССИСОНАШРО АЗ ДАСТ МЕДИҲАД
Пурсиш: Дар бахше аз гузориши шумо доир ба таъсири бади муҳоҷират ба ихтисоси муҳоҷирони тоҷик низ гуфта шудааст, ки баъзеи онҳо маҳорати касбии худро гум мекунанд? Инро ҳам шарҳ медодед?