Мақомот дар Русия, ки ба баргузории чорабиниҳои давлатии бахшида ба 80-солагии Иди Ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон омодагӣ мебинанд, дар паи ҳамлаҳои мавҷи паҳподҳои украинӣ дар рӯзҳои ахир кори чаҳор фурудгоҳи Маскавро боздоштанд. Анҷумани ширкатҳои ҳавопаймоии Русия гуфт, ки маҳдудияти парвоз сафари 60 ҳазор мусофирро халалдор намуд.
Таъхири парвозҳо дар як рӯзи гузашта боиси саргардонии даҳҳо мусофири мунтазири сафар ба Маскав гардид.
Чиптафурӯш Адиба Абдуллоева субҳи 8 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин таъхир мусофиронро нигарон нороҳат кард. “Ин ба мо вобастагӣ надорад, ин ба ширкатҳои Русия бастагӣ дорад, - гуфт ӯ. - Ба хотире, ки фурудгоҳҳои Русия баста буданд. Аз кадом сабаб, мо ҳам бохабар нестем. Тахминан панҷ мусофир занг зада гуфтанд, ки аз соати 11 шаб дар фурудгоҳанд. Мегӯянд, “соат 4-и саҳар шудааст, ҳоло парвози мо маълум нест”. Гуфтам, мо ҳам бохабар нестем. “Ба мо намегӯянд, ки кадом рейс кадом вақт парвоз мекунад. Дар система мебарояду ба ҳамон вақту соати дар система воридшуда намепаранд”.
Дар пайи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба шаҳри Маскав ва қатъи кори се фурудгоҳи пойтахти Русия, парвозҳо дар хатсайри Маскав-Душанбе ба таъхир афтодааст. Ба маълумоти онлайн-таблои Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, баъд аз зуҳри 7-уми май аз Маскав ба Душанбе ҳам ягон парвоз анҷом нашудааст. Баъзе парвозҳоро лағв карда, баъзеи дигарро ба таъхир андохтаанд. Мусофирон мегӯянд, зиён мебинанд.
Аксар мусофирони самти Маскаву дигар шаҳру манотиқи Русияро муҳоҷирони ҷӯёи кор ташкил медиҳанд.
Мунаввар Мирзоҳасанбеков, сокини ноҳияи Ишкошим ҳам мунтазири парвоз ба Маскав буд. Ӯ мегӯяд, қарор буд сари вақт ба сари кораш дар Русия бармегашт, вале таъхири парвоз ба ин нақшааш зиён расонид.
Ҳусниддин Ҳасанов, сокини Душанбе мегӯяд, таъхир дар бозгашт ба сари кор метавонад ӯро бо хатари бекорӣ рӯбарӯ кунад. Ӯ гуфт, аз он метарсад, ки кордиҳанда ба ҷои ӯ каси дигареро ба кор қабул накунад.
Ҳамасола садҳо ҳазор корҷӯи тоҷик ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мераванд ва парвози ҳавопаймо роҳи асосии онҳо барои расидан ба ин кишвар мебошад.
Гуфтугӯ